Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои иштирокчии Маркази иттилоот ва ҳамоҳангсозии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Мавзӯи чорабинӣ "Тақвияти иқтидори Созмон барои таъмини амният ва рушди устувор дар минтақа" буд. Муассиси онро Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Котиботи CARICC ва Дафтари минтақавии UNODC (Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят) барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон бар ӯҳда дошт.
Дарвоқеъ, ин мулоқот дар шакли васеъ бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ (СҲШ, САҲА, СПАД), корпусҳои дипломатӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Белорус, Эрон ва дигар кишварҳо сурат мегирад.
Баҳодир Тошматов, ҷонишини Дабири кулли Шурои амнияти назди Президент гуфт, ки имрӯз, беш аз ҳарвақта, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатъият ва дурнамои стратегӣ ниёз дорад.
– Ҷаҳон бо мушкилоти нав рӯбарӯ аст — аз таҳаввулоти ҷинояткории муташаккил то афзоиши босуръати қочоқи маводи мухаддир. Ин равандҳо ба суботи кишварҳо, амнияти шаҳрвандон ва рушди устувори минтақаҳо таъсир мерасонанд. Ҷинояткории муташаккил ба яке аз таҳдидҳои асосии фаромиллӣ табдил ёфтааст. Он худро тавассути қочоқи маводи мухаддир, инсон, силоҳ, фасод ва шустушӯи пул зоҳир мекунад, – изҳор намуд Б.Тошматов.
Вай афзуд, ки вазъияти маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ин минтақа хеле мураккаб боқӣ мемонад ва тамоюлҳои нигаронкунандаро нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ ҳама шоҳиди афзоиши паҳншавии маводи мухаддири нави синтетикӣ ва моддаҳои психоактивӣ ҳастанд. Танҳо дар панҷ соли охир ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ 83 фоиз, қочоқи он 55 фоиз ва ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир 52 фоиз афзоиш ёфтаанд. Қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ, бахусус афзоиши метамфетамин 62 фоизро ташкил мекунад.
Ин ҷо таваҷҷӯҳ ба суханронии муовини вазири мубориза бо маводи мухаддири Аморати исломии Афғонистон Абғрайҳон Мунирро метавон махсус қайд кард. Вай гуфт, ки дар шароити кунунӣ Аморати исломии Афғонистон ба ҳар гуна кумак ва дастдарозии кишварҳои узви Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ ниёзманд аст.
– Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Афғонистон иродаи қотеъ дорад, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷиддан мубориза барад. Аммо агар ҷиҳати таъмин бо таҷҳизоти мавриди ниёзи мо, ки дар ҳоли ҳозир ба он эҳтиёҷ дорем, ҳамкорӣ сурат гирад, натиҷаҳои кори мо боз ҳам бештар намоён хоҳад шуд, – гуфт Абӯрайҳон Мунир.
Иштирокчиёни ҷаласаи Самарқанд таъкид варзиданд, ки тақвияти талошҳои муштарак дар ин росто басо ногузир мебошад. Ин нукта зимни суханрониҳои намояндаи минтақавии Мубориза зидди маводи мухаддири СММ Оливер Штолпе, директори CARICC Маҳмуд Ҳамидов, муовини аввали Агентии мубориза бо маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Камолиддинзода, муовини аввали директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов, ҷонишини директори Маркази миллии назорат бар маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Қаюмов ва дигарон баромад карда, то чи андоза муҳим будани муборизаи дастаҷамъона бар маводи мухаддир таъкид гардид.
Дар идома муаррифии Барномаи миллии мубориза бо сӯиистифода аз маводи мухаддир ва ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир дар Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2026 низ ба вуқӯъ пайваст. Эъломияи муштарак (Коммюнике) қабул карда шуд, ки ба муттаҳид кардани талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони онҳо дар мубориза бо мушкилоти муосири марбут ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо нигаронида шудааст.
Дар шакли маҳдуд масъалаҳои марбут ба беҳтар кардани фаъолияти CARICC ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалии он, тасдиқи Нақшаи амал (Харитаи роҳ) барои соли 2026, ташаккули буҷаи CARICC ва дигар пешниҳодҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар дохили созмон баррасӣ шуданд.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ як қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории минтақавии зиддимухаддиротӣ ва рушди минбаъдаи CARICC ҳамчун механизми калидии ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ маҳсуб дониста шуд.
Аз рӯи Мониторинги вазъи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ як қатор тамоюлҳои нигаронкунанда, аз ҷумла афзоиши мусодираи маводи мухаддир, пайдоиши моддаҳои нави синтетикӣ ва беҳтар шудани усулҳои паҳнкунӣ ошкор карда шуд. Гуфта шуд, ки омори расмӣ дар панҷ соли охир бадтар шудани вазъи маводи мухаддирро нишон медиҳанд, ки аз сабаби ҷараёнҳои доимии қочоқ ва паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ рӯи кор омадааст.
Дарвоқеъ, шумораи умумии ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ба 51,8 фоиз, ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда ба 139,2 фоиз, мусодираи маводи мухаддири синтетикӣ ба 63,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки ин маълумот зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо ҷинояткории фаромиллиро марбут ба маводи мухаддир тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи иштирокчиёни ҷаласаи навбатӣ нақш ва фаъолияти CARICC дар ташкил, гузаронидани ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштараки байналмилалии ҳамоҳангшуда барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла интиқоли назоратшаванда мусоидат мекунад. Он ҳамзамон маълумотро дар бораи ҷиноятҳои фаромарзии марбут ба маводи мухаддир ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз, таҳлил ва мубодила менамояд.
Дар моҳи сентябри соли 2025 Ӯзбекистон раисии CARICC-ро ба ӯҳда гирифта буд. Аз замони таъсисёбӣ, Марказ зиёда аз 85 амалиёти зидди маводи мухаддир, аз ҷумла интиқоли назоратшавандаи байналмилалиро ҳамоҳанг кардааст. Дар натиҷа, аз қочоқи ғайриқонунӣ беш аз 7,5 тонна маводи мухаддир ва беш аз 62 тонна прекурсорҳо мусодира карда шуда, 122 роҳбар ва аъзои фаъоли гурӯҳҳои ҷинояткории муташаккил боздошт гардидаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Шаҳри Самарқанд.