Воридоти автобус ва микроавтобусҳо 2,9 баробар афзоиш ёфт

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-октябри соли 2025 аз 9 кишвари хориҷӣ ба Ӯзбекистон 1491 автобус ва микроавтобус ба маблағи тақрибан 126,6 миллион доллари ИМА ворид карда шудааст.

Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 974 адад ё 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.

Кишварҳое, ки дар 10 моҳи соли 2025 ба Ӯзбекистон аз ҳама бештар автобус ва микроавтобусҳоро ворид кардаанд:

Чин - 1354 адад

Русия - 87 адад

АМА - 22 адад

Олмон - 8 адад

Кишварҳои дигар - 20 адад.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: