Нақшаҳои маблағгузории кишоварзӣ ва тақдими субсидия ба соҳаи аграрӣ баррасӣ гардиданд

  • Нақшаҳои маблағгузории кишоварзӣ ва тақдими субсидия ба соҳаи аграрӣ баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои маблағгузории кишоварзӣ ва тақдими субсидия ба соҳаи аграрӣ баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои маблағгузории кишоварзӣ ва тақдими субсидия ба соҳаи аграрӣ баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои маблағгузории кишоварзӣ ва тақдими субсидия ба соҳаи аграрӣ баррасӣ гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии ташкили босамари маблағгузории пахтакорӣ ва ғаллакорӣ, инчунин низоми нави ҷудо кардани субсидияҳо дар соҳаи аграрӣ шинос гардид.

Дар оғози тақдимот дар бораи захираҳои молиявие, ки имсол ба соҳа равона шудаанд ва натиҷаҳои онҳо маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки барои маблағгузории пахтакорӣ ва ғаллакорӣ, таъмин бо техникаи кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори об дар маҷмӯъ 29 триллион сӯм ҷудо шудааст. Ба соҳа 2,35 триллион сӯм субсидия равона гардид.

Ба хоҷагиҳое, ки бо маблағи худ пахта парвариш карданд, ба андозаи 10 фоизи арзиши пахта субсидия ҷудо шуд ва дар натиҷа, 3 430 фермеру кластерҳо, ки дар майдони 151 ҳазор гектар аз ҳисоби маблағи худ пахта парвариш намуда буданд, 1,9 триллион сӯм захира карданд.

Ё худ, ба фермерҳое, ки барои парвариши пахта кредит гирифта, онро то охири соли ҷорӣ пурра супурданд, 4 фоизи пардохти фоизӣ баргардонида шуд ва ба туфайли ин имконият 9 002 фермер 2,5 триллион сӯм кредитҳои имтиёзноки худро пеш аз муҳлат пардохт карданд.

Гуфта шуд, ки соли оянда ба ҳосили пахта ва ғалла, субсидия ва дигар хароҷотҳо дар маҷмӯъ ҷудо кардани 34,2 триллион сӯм пешбинӣ шудааст, 200 миллион доллар маблағи иловагӣ ҷалб гардида, 800 мошини пахтачинӣ харидорӣ мешавад. Дар ин замина механизмҳои нави дастгирӣ, ки пешниҳод гардиданд, баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки дар соли 2026 ба чорабиниҳои агротехникӣ, масалан, барои плёнка ва қубурҳои қатшаванда 5 триллион сӯми иловагӣ ҷудо гардад. Таъкид гардид, ки агар фермер ҳангоми парвариши ҳосил аз 50 фоизи лимити кредитӣ истифода барад ва ба андозаи 5 фоизи пахтаи фурӯхташуда субсидия ҷудо карда шавад, шумораи фермерҳое, ки аз ҳисоби маблағи худ ва қисман бо кредит ҳосил ба даст меоранд, ба 4–4,5 ҳазор мерасад ва 2,5–3 триллион сӯм маблағи онҳо сарфа мегардад.

Ҳоло ҳангоми ҷудо кардани кредит ба фермерҳо, ҳам ба хоҷагиҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор ва ҳам ба онҳое, ки интизоми пардохтро риоя намекунанд, ставкаи якхелаи фоизӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки барои ташаккули модели «боинтизом бошӣ – кредит арзон», ба хоҷагиҳои дорои рейтинги кредитии “А” кредит бо ставкаи 2 фоиз, ба тоифаи “B” бошад, бо 1 фоиз камкардашуда дода шавад ва тавассути ин бори кредити фермерҳои боинтизом камтар ва сабуктар гардад.

Инчунин, барои фермерҳое, ки бо маблағи худ гандум парвариш мекунанд, ташаббуси ҷудо кардани 10 фоиз субсидия ба миён гузошта шуд.

Мувофиқи Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 22 ноябри соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми дастгирии соҳаи аграрӣ аз тарафи давлат», бо мақсади такмил додани механизмҳои дастгирии соҳаи аграрӣ аз ҷониби давлат, дар назди Вазорати кишоварзӣ Агентии пардохтҳо дар бахши аграрӣ ташкил карда шуд.

Дар тақдимот тарзи ташкили иҷрои вазифаҳои ба агентӣ вогузоршуда баррасӣ гардид.

Ҳоло дар соҳаи кишоварзӣ 52 навъи субсидия ҷудо мешавад. Дар низоми нав ин раванд ба таври куллӣ содда карда шуда, омилҳои инсонӣ комилан кам мегардад, бюрократия коҳиш меёбад, баррасии аризаҳо пурра рақамӣ карда мешавад ва тамоми равандҳо тавассути «Агропортал» амалӣ мешаванд.

Барои ин, системаи иттилоотии «Агросубсидия» бо системаҳои ахбории беш аз 10 вазорат ва идораҳо ҳамгиро карда мешавад.

Аз ҷумла, 1,3 триллион сӯм субсидияҳои барои соли 2026 пешбинишуда, дар ҳолати вуҷуд надоштани зарурати иштироки талабгорон, аз ҷониби идораҳои давлатӣ ба таври проактивӣ, қисми боқимондаи субсидияҳо бошад, бидуни марҳилаҳои зиёдатии мувофиқа, гирифтани хулоса ва расмият, ба тарзи содда ва бе оворагиҳои изофӣ тақдим мегарданд. Дар натиҷа муҳлати ҷудо кардани субсидияҳо хеле кӯтоҳ мегардад.

Сарвари давлат ба масъулин барои боз ҳам такмил додани механизмҳои маблағгузорӣ, таъмин кардани манзилнокӣ ва зудамалӣ дар тақдими субсидияҳо, рақамисозии тамоми равандҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фермерҳо супоришҳои дақиқ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: