Дар бораи корҳое, ки ҷиҳати коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ дар маҳаллаҳо иҷро мешаванд, маълумот дода шуд

  • Дар бораи корҳое, ки ҷиҳати коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ дар маҳаллаҳо иҷро мешаванд, маълумот дода шуд
  • Дар бораи корҳое, ки ҷиҳати коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ дар маҳаллаҳо иҷро мешаванд, маълумот дода шуд
  • Дар бораи корҳое, ки ҷиҳати коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ дар маҳаллаҳо иҷро мешаванд, маълумот дода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо маълумот дар бораи корҳое, ки ҷиҳати ба минтақаҳои аз бекорӣ ва камбизоатӣ озод табдил додани маҳаллаҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Ҷамъомад бо рӯҳияи танқидӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳое, ки истифода намешаванд ва сусткориҳо дар ин самт нишон дода шуданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки барои арзёбии самарадории фаъолияти аъзои “ҳафтгонаи маҳалла” меъёрҳои дақиқ вуҷуд надоранд, инчунин, афзунсозии масъулияти онҳо дар коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ, ки вазифаи асосиашон ба шумор меравад, зарур аст. Таъкид шуд, ки фаъолияти “ҳафтгона” бояд бевосита дар таъмини шуғл ва даромади аҳолӣ инъикос ёбад ва дар ин самт пурзӯр намудани корҳои ҳадафманд ва натиҷаовар муҳим мебошад.

Супориш дода шуд, ки барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар маҳаллаҳо пеш аз ҳама, мушкилот ва «нуқтаҳои рушд»-и онҳоро муайян карда, чорабиниҳои низомӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд. Инчунин, вазифа гузошта шуд, ки ба ҳаллу фасли муроҷиатҳои аҳолӣ бевосита дар худи маҳалла аҳамият бештар дода шавад.

Корҳое, ки дар маҳаллаҳои дорои тоифаи вазнин амалӣ мегарданд, муҳокима шуданд. Супориш шуд, ки ба ин минтақаҳо диққати махсус зоҳир намуда, имкониятҳои истифода аз инфрасохтор, таъминоти барқ, шабакаи интернет ва замини наздиҳавлигӣ васеъ карда шаванд.

Соли ҷорӣ аз 8,9 фоиз то 6 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат дар назар аст. Мақсад гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли оянда то 4,5 фоиз кам карда шавад.

Барои ин, вазифаҳо бобати равиши комплексӣ дар ташкили корҳо дар маҳаллаҳо, густариши доираи хидматҳо дар самти шуғли устувор, офаридани манбаъҳои даромад, ҷалби аҳолӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва соҳибкорӣ муайян гардиданд.

Таъкид гардид, ки таҳияи нақшаҳои инфиродӣ барои ҳар як хонаводаи камбизоат бо назардошти имкониятҳои воқеӣ ва хоҳишу дархости онҳо муҳим аст.

Дар доираи равиши лоиҳавӣ бо як қатор барномаҳо, чун «Мақомоти шуғл – ҳамкори кордиҳандагон», «Имконияти баробар – шуғли фарогир», «Ба сӯи ояндаи устувор», «20 бренди маҳаллӣ», «Як контур – як маҳсулот», «Рушди соҳибкорӣ дар маҳалла», «Иҷораи замин ва беҳсозии таъминоти об дар замини наздиҳавлигӣ», «Навсозии боғҳои кӯҳна», «1 ҳазор гектар боғи мевадор» ва «Кооперативҳои содиротӣ» фарогирии 1 миллион нафар аҳолии камбизоат ба нақша гирифта шудааст.

Дар коҳиши сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ амалӣ намудани лоиҳаҳои хурду миёна дар маҳаллаҳо, аз ҷумла чораҳои беҳсозии инфрасохтор дар минтақаҳои марзӣ ва анклавҳо, таъсиси кӯчаҳо, маҳаллаҳои сайёҳӣ, марказҳои микросаноатӣ, ки шабу рӯз фаъолият мебаранд, инчунин рушд додани инфрасохтори соҳил ва канори роҳ муаррифӣ гардид.

Масъалаҳои иҷрои Барномаи шуғл дар соли 2025 ва таҳияи барномаи соли 2026, кам кардани шуғли ғайрирасмӣ низ баррасӣ шуданд.

Президент ба мутасаддиён супориш дод, ки масъалаҳои маҳаллаҳоро ҳадафмандона ҳал намоянд, дар асоси ниёзҳои аҳолӣ самаранокии корҳои амалиро афзун созанд ва иҷрои вазифаҳоро ҷиҳати коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ бо масъулияти баланд таъмин кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: