9 декабр Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии корҳое, ки дар соҳаи роҳҳои автомобилгард амалӣ мегарданд ва нақшаҳои минбаъда ошно гардид.
Дар бораи корҳое, ки дар се соли охир иҷро шуданд, ҳаҷми маблағгузорӣ ва натиҷаҳои амалӣ маълумот дода шуд.
Дар ин давра ба соҳаи роҳсозӣ тақрибан 40 триллион сӯм ҷудо гардида, дар 63 ҳазор километр роҳ корҳои сохтмон ва таъмир анҷом ёфтанд. Ҳаҷми маблағҳое, ки барои соҳа аз хориҷ ҷалб мешаванд, се баробар афзуда, соли 2025 ба 1,2 миллиард доллар расид. Аз сохтмони роҳсозии қолабӣ даст кашида, амалиёти тарҳрезӣ бо назардошти хусусиятҳои геологӣ ва экологии ҳар як минтақа ба роҳ монда шуд. Навъҳои муосири рӯйпӯшҳои роҳ истеҳсол гардида, муҳлати хидмати роҳҳо 1,5 баробар дароз карда шуд.
Дар тақдимот оид ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа таклифу нақшаҳо пешниҳод гардиданд. Пеш аз ҳама, ҳанӯз нокифоя будани истифодаи таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои санҷидашудаи ҷаҳонӣ дар раванди таъмиру сохтмони роҳҳои умумии истифодабарӣ, роҳҳои дохилӣ ва пулҳои мавҷуда зикр гардид.
Дар солҳои оянда сохтмон ва таъмири 21 ҳазор километр роҳ, шағалпӯш кардани 14 ҳазор километр роҳҳои хокӣ ва таъмири 325 пул ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд ҷалби васеи коршиносони хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта, инчунин ташкили кор дар ҳоли татбиқи стандартҳои муосир супориш дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ҳаракати нақлиёти боркаш, ки вазнашон аз меъёр зиёд аст, 1800 километр роҳ ба ҳолати таъмирталаб омадаанд.
Аз ин рӯ, зарурати густариши шабакаи тарозуҳои санҷишӣ барои назорати вазни мошинҳои боркаш қайд гардид. Ҳоло 9 адад чунин тарозу гузошта шудаанд ва насби 8-тои дигар идома доранд. Супориш дода шуд, ки дар оянда 35 маскани иловагии назоратӣ-вазнченкунии сайёр ва статсионарӣ сохта шавад.
Ба масъулон супориш шуд, ки низоми электронии байниидоравии иттилоотиро, ки тамоми раванди назорати вазн ва андозаи нақлиётро фаро мегирад, ба кор дароранд. Инчунин, бо назардошти шароити обу ҳаво, таҳияи тартиби маҳдуди мавсимии ҳаракати нақлиёти вазнин пешниҳод гардид.
Ҳоло 61 фоизи роҳҳои нав ва дар доираи “Буҷети ташаббуснок” 92 фоизи роҳҳои дохилӣ аз ҷониби бахши хусусӣ сохта мешаванд. Корҳои нигоҳдории роҳҳо, ки солҳои зиёд дар монополияи давлат буданд, низ зина ба зина ба шарикии хусусӣ тақдим мегарданд.
Густариш додани ин корҳо ва соли оянда 3 ҳазор километр ва то соли 2030 ба нигоҳдории соҳибкорон вогузор намудани 6,3 ҳазор километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, зикр гардид, ки пурра ба пудратчиёни маҳаллӣ супоридани роҳҳое, ки дар 86 ноҳия бо иштироки Бонки рушди Осиё сохта мешаванд, зарур аст.
Зикр шуд, ки сатҳи рақамисозӣ дар соҳа поин буда, аз 59 хидматрасонӣ танҳо 20-тояш рақамӣ карда шудааст. Соли оянда ба шакли электронӣ гузаронидани 28 навъи хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани низоми зеҳнии нақлиёт ва таҳияи 7 платформаи нави электронӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми муаррифӣ, бо назардошти вазифаҳои муайяншуда, вазифа гузошта шуд, ки Стратегияи рушди роҳҳои автомобилгарди Ӯзбекистон то соли 2035 таҳия карда шавад.