Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ дастгирӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ дастгирӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ дастгирӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ дастгирӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ дастгирӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 декабр ҳайати намояндагонро таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи байналмилалии автомобилӣ (FIA) Муҳаммад бин Сулайм, ки барои иштирок дар Ассамблеяи генералии ин созмони бонуфуз, ки дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ба мамлакатамон омада буд, пазируфт.

Дар вохӯрӣ аз ҳайати намояндагон президенти Сенати FIA Кармело Санс де Баррос ва ноиби президент оид ба ҳаракати автомобилӣ ва сайёҳӣ Тим Ширман низ иштирок карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин созмони ҷаҳонӣ, ки фаъолияти автоспортро танзим мекунад ва амнияти ҳаракати роҳро тарғиб менамояд, баррасӣ гардиданд.

Муҳаммад бин Сулайм ислоҳотҳои васеъмиқёсро, ки баӮзбекистон бобати рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, афзунсозии фаъолии ҷисмонӣ дар байни аҳолӣ ва тарбияи насли баркамол нигаронида шудаанд, арзёбӣ намуд.

Аҳамияти роҳандозии ҳамкории наздик дар рушди тамоми намудҳои варзиши автомобилӣ дар мамлакати мо, аз картинг сар карда, то пойгаи “Формула” қайд карда шуд.

Бо истифода аз имкониятҳои Донишгоҳи FIA ба масъалаҳои омода намудани пойгабозон, ронандагони картинг, муҳандисон, тарроҳон ва механикҳои ӯзбекистонӣ, беҳсозии инфрасохтори муосири автоспорт дар Ӯзбекистон, кӯмакрасонӣ ба татбиқи барномаҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиёт, инчунин баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, марҳилаҳои “Формула-1” таҳти сарпарастии ин созмони байналмилалӣ диққати махсус дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари мамлакати мо ба роҳбари FIA барои саҳми бузурги шахсӣ бобати рушди ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии автомобилӣ, инчунин, мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ оммавӣ намудани автоспорт дар Ӯзбекистон, мукофоти олии давлат — ордени “Дӯстлик”-ро супорид.

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аз соли 2019 ин ҷониб узви фаъоли федератсия мебошад. Соли гузашта дар Самарқанд Ассамблеяи генералии ғайринавбатии FIA бахшида ба 120-солагии он баргузор шуда буд. Дар доираи чорабинии имсола, 12 декабр дар маҷмааи “Humo Arena” бо иштироки меҳмонони баландмақоми хориҷӣ ва чемпионҳои автоспорт маросими мукофотонидани беҳтарин варзишгарон ва дастаҳо баргузор мегардад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: