Бозорҳои Навоӣ рақамӣ мегарданд

Дар «Бозори марказии деҳқонӣ»-и шаҳри Навоӣ ҷамъ 1247 раста ва 376 нуқтаи савдои доимӣ мавҷуд. Бо мақсади назорати фаъолияти соҳибкорон то имрӯз дар ҳудуди бозор 66 камераи назоратӣ насб шудаанд. Ин бозор ба таври пурра бо ҷамъияти саҳҳомии «SMART MARKETPLACE» ва сомонаи solig.uz интегратсия карда шудааст.

Рушди устувор ва тараққиёти ҷаҳони муосирро бе истифода ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Омили асосии рушди устувори кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда ба такмил, беҳтаршавӣ ва тағйироти пайваста вобастагӣ дорад. Рушди устувори иқтисодиёт ба омилҳои асосӣ: иқтисодиёти рақамӣ ва рақамикунонии кишвар алоқаманд аст.

Истилоҳи рақамикунониро ҳамчун ифодаи технология дар раванди идоракунии иқтисодиёт, аз он ҷумла дар бозорҳо, танзими ҷойгиркунӣ ва истеъмоли молу хизматрасониҳо фаҳмидан мумкин аст. Рақамикунонӣ – ин як раванди гузариши корхонаи алоҳида ё тамоми бахшҳои иқтисодиёт бо василаҳои нави тиҷорат, усулҳои идоракунӣ ва истеҳсолот тавассути муҷаҳҳаз сохтани онҳо бо технологияҳои муосир мебошад. Зеро технологияҳои рақамӣ барои инсон имкониятҳои нави воридшавӣ ба муҳити автоматишудаи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ фароҳам овардааст. Вазифаи муҳими рушди ояндаи иқтисоди Ӯзбекистон гузаштан ба модели нави рушди иқтисодӣ дар асоси истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

 – Технологияҳои рақамӣ дар бозорҳо барои ба танзим даровардани фаъолияти онҳо ҷорӣ мешавад. Моҳи июли соли ҷорӣ миёни ҶММ «Саховат бозори» ва ҶММ «REALSOFT» шартномаи литсензиявӣ барои рақамисозии бозорҳои «Гулистон» ва «Бозори марказии деҳқонӣ» ба имзо расидааст, — мегӯяд директори «Бозори марказии деҳқонӣ»-и шаҳри Навоӣ Ҷумъамурод Каримов.

Дар «Бозори марказии деҳқонӣ»-и шаҳри Навоӣ ҷамъ 1247 раста ва 376 нуқтаи савдои доимӣ мавҷуд. Бо мақсади назорати фаъолияти соҳибкорон то имрӯз дар ҳудуди бозор 66 камераи назоратӣ насб шудаанд. Ин бозор ба таври пурра бо ҷамъияти саҳҳомии «SMART MARKETPLACE» ва сомонаи solig.uz интегратсия карда шудааст.

Илова бар ин, тавассути принтери мобилии XPRINTER XP – P – 502A низоми чопи чек, назорати ишғол будани растаҳо, пайгирии даромади моҳонаи нуқтаҳои доимии савдо ва қабули пардохтҳо пурра ба кор дароварда шудааст.

Ҳамзамон, дар таваққуфгоҳи автомобилии ҳудуди бозор низ камераҳо насб гардида, тавассути сомонаи https://ragamli – bozor. uz/ маълумот дар бораи бозор ва нақшаи ҷойгиршавии растаҳоро пурра дидан мумкин аст. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки фаъолияти соҳибкорон ва маъмурияти бозор шаффоф роҳандозӣ гардида, ба ҳолатҳои коррупсионӣ барҳам дода шавад.

Ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ба ҳудуди маҷмааи бозор омада, бо корҳои самти рақамисозӣ, сатҳи ободонии бозор, инчунин шароит барои соҳибкорон, фурӯшандагон ва мизоҷон аз наздик шинос шуд.

Ҳамчунин, ҳокими вилоят ба бозори деҳқонии Кармана омада, ба тартибу озодагии ҳудуд, низоми назорати шуғли соҳибкорон, фаъолияти камераҳои назоратии дар маҷмааи савдо насбшуда ва раванди рақамисозӣ аз наздик шинос шуд. Ӯ бо соҳибкорон ва фурӯшандагони  ҳудуди бозор мулоқот кард, андеша ва мулоҳизаҳои онҳоро шунид. Илова бар ин, бо лоиҳаи тағйир додани симо ва намуди зоҳирии бозор (барномаи навсозии бозор) шинос гардида, ҷиҳати такмил ва беҳтар намудани корҳо ба масъулон супориш ва тавсияҳо дод.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: