Дар 10 гектар қитъаи замини минтақаи экологӣ-саноатии ҳудуди маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Чуст барои сохтмони корхонаи «Истеҳсоли нерӯи барқ бо роҳи сӯзондани партов» бо арзиши 150 миллион доллар санги асос гузошта шуд.
Лоиҳа аз ҷониби ҶММ «Everbright Environmental Energy Namangan» дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ амалӣ карда мешавад.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов, ҳамкорони хориҷӣ, нурониён, фаъолон ва намояндагони маҳаллаҳо иштирок карданд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки ин лоиҳаи бузург дар оянда ба иқтисодиёт ва экологияи минтақа саҳми назаррас мегузорад.
Дар натиҷаи оғози ин лоиҳа 547,5 ҳазор тонна партов коркард шуда, 310 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад ва 300 ҳазор нафар истеъмолгаронро бо неруи барқ таъмин мекунад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи нав 180 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар вилоят дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1450 тонна, дар як сол 529,3 ҳазор тонна партов ҷамъоварӣ шуда, имкони коркарди пурраи партовҳо фароҳам оварда мешавад. Дар рафти ҷараёни кор партовҳои аз 6 ноҳияи вилоят ҷамъовардашуда дар истгоҳи коркарди такрорӣ, ки дар ноҳияи Тӯрақӯрғон воқеъ аст, ба навъҳо ҷудо карда, ба корхонаи мазкур оварда мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.