Конститутсия – пойдевори бахти мо

Бо ташаббус ва роҳбарии устодони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ ва ҳамкории Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё чорабинии бошукӯҳе бахшида ба 33-юмин солгарди Сарқонуни Ӯзбекистони азизамон чорабинӣ дар мавзӯи «Конститутсия – пойдевори бахти мо» баргузор гардид.

Дар омодасозии чорабинӣ устодони кафедра дотсентҳо Рамазон Абдуллоев, Илҳом Эшонқулов, муаллими калон Ҷамшед Ҷумъақулов, муаллимон  Сайёра Саидова ва Сурайё Самиева, Диловар Ҳомидов, Шокир Алиев ва донишҷӯёни боистеъдоду боиқтидори шуъбаҳои тоҷикӣ, ҷопонӣ ва форсии факултети филология фаъолона иштирок намуданд.

Нотиқон дар бораи мазмун ва моҳияти Сарқонун, таҳрир ва иловаҳои он ибрози назар карданд. Тазаккур бояд дод, ки чорабинии мазкур бо мақсади эҳтиром намудани Сарқонуни Ӯзбекистон, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии донишҷӯён, дастгирии ислоҳот ва стратегияи рушди кишварамон ва ба ҳаёти фарҳангию маънавӣ ҳиссагузорӣ намудан ташкил карда шуд.

Дар баромади аввал гурӯҳи донишҷӯёни курси 3 суруди «Ватан»-ро бо алвонҷ додани парчами кишвари азизамон замзама намуданд, ки хеле ҷолиб буд. Дар рафти чорабинӣ шеърҳои беҳтарин дар васфи Ватан ифоданок хонда шуд. Саҳначае, ки донишҷӯёни курси 3 намоиш доданд, хеле ибратангез буд. Дар ҷараёни намоиши саҳнача чанд фасли Сарқонун таъкид гардид. Рақси зебои тоҷикӣ аз тарафи донишҷӯён – Ширинмоҳ Аҳророва, Зарина Саидмуродова ва Замира Аҳмадҷонова иҷро шуд, ки ба иштирокчиёни чорабинӣ писанд гардид. Иштиркчиёни ба силсиласаволҳои доир ба Сарқонуни барандагон Фарида Аҳатова ва Идибек Хӯҷақулов  ҷавобҳои худро баён намуданд.

Ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотирмон ва ташаккурномаҳо супорида шуд.

Махфират ҚУРБОНАЛИЕВА,

мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: