Дар саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик номи як идда чеҳраҳои мондагоре сабт ёфтааст, ки соҳибони он на танҳо бо навиштаҳои худ, балки бо ҷасорату матонат, ҷоннисорӣ ва эҳсоси масъулият барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳамон номи некӯ бувад ёдгор.
Абулқосим Фирдавсӣ.
Дар саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик номи як идда чеҳраҳои мондагоре сабт ёфтааст, ки соҳибони он на танҳо бо навиштаҳои худ, балки бо ҷасорату матонат, ҷоннисорӣ ва эҳсоси масъулият барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин, Абдуқаюм Қурбӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддини Олимпур ва Муродуллоҳ Шерализода аз ҳамин шуморанд.
Иттифоқ афтод, ки дар гиромидошт ва 80-умин солгарди шодравон Муродуллоҳ Шерализода – ходими сиёсию давлатӣ, журналисти варзида, инсони поксиришту бебок, муборизи ҳақиқату адолат, қаламкаши навовару пешқадам ва дорои як қатор фазилатҳои беназири инсонӣ ширкат кунем.
Дар аснои сафар ба Панҷакент гузаргоҳи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистонро зуд убур намудем. Мошин моро ба воситаи шаҳри Панҷакент ва чанд рустоҳои сари роҳ ба деҳаи хушбоду ҳавои Панҷрӯд расонид. Аввал мақбараи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кардем.
Боздид аз осорхона ва китобхонаи маҷмааи таърихиву фарҳангии мақбараи устод Рӯдакӣ низ дар мо таассуроти хуб боқӣ гузошт. Зеро он ҷо ғайр аз шоҳбайтҳои устод Рӯдакӣ, ки ҳама аз панду ардарз иборатанд, инчунин ашёи бозёфтҳои нодире, ки бостоншиносон аз Панҷрӯд ба даст овардаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар хазинаи китобхонаи он китобҳои зиёде мавҷуданд, ки бо хатҳои арабиасосу сирилик нашру чоп шудаанд. Қисме аз он бевосита ба осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мутааллиқанд, инчунин дар рафҳои дигар адабиётҳои илмиву ирфонӣ ва амсоли онро низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Зимни суҳбате, ки дар маҷмааи таърихиву фарҳангии устод Рӯдакӣ дар Панҷрӯд сари як пиёла чой сурат гирифт, донистем, ки чорабинии мазкур бо кӯшиш ва эҳтимоми бунёдгузори медиа холдинги «Оила», сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур ва бо дастгирии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи ҳамкорону дӯс-тон Муродуллоҳ Шерализода солҳои мактабхонӣ гову гӯсфандони худ ва ҳамсояҳоро мечаронидааст ва дар дашту кутал шеърҳои азбар-намудаашро бо овози баланд мехондааст. Ҳатто боре дар 13-солагӣ шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро чунон зебо қироат кардааст, ки ҳозирини маҳфил, аз ҷумла устоди арҷманд Мирзо Турсунзода ва донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ аз қироати ӯ лаззат бурдаанд.
Дар китоби «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд»-и Шариф Ҳамдампур чунин омадааст: «Садои ӯ (яъне Муродуллоҳ) мисли оби чашма мешорид – шаффоф, зинда, равон. Он лаҳза, ки ҳама гӯшу ҳуш шуда буданд, гӯё Рӯдакӣ аз забони ӯ шеър мегуфт».
Устодон Турсунзода ва Саид Нафисӣ Муродуллоҳи наврасро ба оғӯш гирифтаанд ва аз рухсорааш бӯсидаанд. Устод Нафисӣ бо ашки дидагон ва бо эҳтиром гуфтааст, ки Муродуллоҳ яке аз ровиёни ояндадори тоҷик хоҳад шуд...
Бо гузашти солҳо Муродуллоҳ Шерализода Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъди таҳсил дар идораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор шурӯъ намудааст. Баъдан дар Институти таърихи ҳизб фаъолияташро давом додааст. Вай аз зумраи қаламкашоне муаррифӣ шудааст, ки то дараҷаи сардабири рӯзномаи «Садои мардум» ва вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон расидааст.
Соли 1993 маросими ифтитоҳи хона-музейи нахустин сардабири «Садои мардум», аввалин қурбонии роҳи мубориза барои мустаҳкам намудани давлати қонунии Тоҷикистон Муродуллоҳ Шерализода барпо шудааст.
Ҳамвора бо конфронси илмиву амалӣ, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Шерализода бахшида шуд, маросими муаррифии китоби Шариф Ҳамдампур таҳти унвони «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» баргузор гардид. Ин китоб бо теъдоди 1500 нусха чоп шудааст. Китоб бо сабки хуби рӯзноманигорӣ хеле одӣ ва сода навишта шудааст. Онҳое, ки болои минбар ҳарф заданд, дар баробари нақши Муродуллоҳ Шерализода дар мустаҳкам шудани давлати қонунии кишвари худ, аз хидматҳои Шариф Ҳамдампур низ дар рушди журналистика бо ҳарорат ва рағбати том суханпардозӣ карданд.
– Ин китоби Ҳамдампур армуғонест, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти Муродуллоҳ Шерализода борикбинона ва воқеӣ қаламдод шудааст. Инчунин дар китоб перомуни шахсиятҳои хеле барҷастаи он давр низ маълумотҳои пурмуҳтаво дода шудааст. Ин ҷо мешавад танҳо аз Бӯринисо Бердиева ёдовар шуд, ки дар мақоми сардабири рӯзномаи «Маориф ва маданият» кор кардааст ва ҳамчун зани далеру донишманд, соҳиби иродаи устувор, ҷасуру нотарс солҳо фаъолият намудааст, – гуфт журналист Бобо Солеҳзода.
Дар китоб хотироти як гурӯҳ аҳли сиёсат ва адабу фарҳанг низ нашр шудааст. Аз ҷумла, хотираҳои раиси собиқи шаҳри Исфара, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова хеле риққатоваранд: «Як гурӯҳ вакилон аз толор ба даҳлези бино фаромадем, ки тир садо дод. Дар назди чашмони ман вакили мардумӣ, журналист, сардабири «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализодаро парронданд. Ин даҳшат буд...»
Ин маҳфили гиромидошт аз тарафи иштирокчиён арзёбӣ гардид, ки минбаъд идома пайдо хоҳад кард ва ҳаёту фаъолияти аҳли қаламро аз шумори қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, фидокорони роҳи озодӣ ва ҳақиқат дар меҳвари гуфтугузору баррасиҳо қарор хоҳад дод.
Мирасрор Аҳроров,
Зоҳир Ҳасанзода,
мухбирони «Овози тоҷик».
Самарқанд – Панҷакент – Самарқанд.