Лоиҳаҳои нав муаррифӣ гардиданд

Дар ноҳияи Узун лоиҳаҳои соҳаи саноат, сохтмон ва саёҳӣ муаррифӣ гардиданд.

Корҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи иқтидори соҳибкорӣ дар минтақаҳо, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва густариши бахши хусусӣ натиҷа матлуб медиҳанд. Ноҳияҳои собиқе, ки асосан бо кишоварзӣ сарукор доштанд, имрӯзҳо дар самти саноату хидматрасонӣ бо суръат рушд мекунанд.Ноҳияи Узун низ солҳои охир ба яке аз минтақаҳои саноатӣ табдил меёбад.
Сафари навбатии ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов  ба ин ноҳия аз шиносоӣ ва муаррифии лоиҳаҳои ҶДММ “Jasur Bulding” оғоз ёфт. Корхона, ки 30 нафар дар он фаъолият хоҳанд  кард, баъди татбиқи лоиҳа доир ба сангмайдакунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ, 3 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад кард.
Дар ин ҷараён, ҳамчунин, аз ҷониби ҶДММ “Tematon Grour” лоиҳае оид ба бунёди маҷмааи экотуристӣ муаррифӣ гардид. Ҳоким дар идомаи сафар аз қитъаи замини холие, ки дар маҳаллаи Файзова ба савдои музояда гузошта шудааст, боздид ба амал овард. Дар ин мавзеъ пешниҳодҳо доир ба бунёди коттеҷҳои истиқоматӣ, кӯдакистон, иншооти савдо ва хидматрасонӣ баррасӣ шуданд. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардад ва 85 ҷойи кории нав таъсис дода шавад.
Ҳокими вилоят пас аз ошноӣ бо пешниҳодҳо ба масъулон супориш дод, ки лоиҳаҳо такмил дода шаванд ва барои ҳалли масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии онҳо чораҳо андешанд.
Сурайё Норманӣ.
Вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: