Ғолибони озмунҳои «Обод хонадон» ва «Обод маҳалла» муайян шуданд

Дар маҷлисгоҳи Институти тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташаббуси Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон марҳилаи вилоятии озмун-азназаргузарониҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» баргузор гардид.

 

Дар он намояндагони 516 маҳаллаи вилоят беҳтарин будани худро дар амал исбот карда, барои соҳибшавӣ ба роҳхати марҳилаи ҷумҳуриявии озмун бо ҳам рақобат карданд.

Ба доварон муайян кардани ғолибон кори осон набуд. Зеро ҳозирҷавобии иштироккунандагон, аксу манзара, навору суратҳои ифодакунандаи ҷараёни кор дар ҳудудҳо чун ҳуҷҷат, далели ашёвии раднопазир, асоснок ва яке аз дигаре беҳтар ба чашм мерасид. Ба иштирокдорони озмун бо низоми 10-холӣ баҳо гузошта шуд. Ниҳоят мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ дар номинатсияи «Хонадони обод» сокини маҳаллаи «Ӯбасӯлӣ»-и ноҳияи Когон Шӯҳрат Шукуров, барандаи номинатсияи «Кӯчаи обод» кӯчаи Баҳовуддини Нақшбанди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Имом Бухори»-и ноҳияи Қаровулбозор ва дар номинатсияи «Маҳаллаи обод» маҳаллаи «Ӯзбекистон»-и ноҳияи Когон ғолиб омада, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявиро ба даст дароварданд.

Соҳибони ҷойҳои дуюм, сеюми озмун низ тақдир ёфтанд.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: