Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон омад

  • Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон омад

Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня 11 декабр бо сафари расмӣ ба кишвари мо омад.

Меҳмони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии “Тошкент-Ҳумо” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Қӯчқоров ва расмиёни дигар пешвоз гирифтанд.

Дар музокироти сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд, баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, савдо-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни Ӯзбекистон ва Парагвай пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати озуқаворӣ ва кимиё, рақамисозӣ, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Роҳбари Парагвай ҳамчунин дар Ассамблеяи генералии Федератсияи байналмилалии автомобилӣ ва дар маросими мукофотонидани ғолибони мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии федератсия баргузор мешаванд, иштирок хоҳад кард.

Абдулазиз РУСТАМОВ,

Носиржон ҲАЙДАРОВ (сурат),

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: