Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодии байналмиллӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои васеъ ба соҳибкорону тоҷирон дар Маркази савдои байналмиллии Тирмиз бо ҳамкории ташкилотҳои расмии Ӯзбекистону Афғонистон, барномаи тараққиёти СММ, Иттифоқи Аврупо ва Airitom Free Zone намоиш-ярмаркаи савдои байналмиллӣ ташкил карда шуд.
Дар намоиш-ярмарка истеҳсолкунандагон ва экспортчиёни ватаниву хориҷӣ, тоҷирону инвесторҳо маҳсулот ва намудҳои хидматгузории хешро намоиш доданд. Мулоқотҳои муфиде, ки дар ҷараёни намоиш байни иштироккунандагон ташкил карда шуд, барои ташкил ва тарғиб намудани ғояҳои нави тиҷорат, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи савдо ва боз ҳам амиқтар намудани ҷараёнҳои ҳамкории иқтисодӣ хидмат намуд.
Дар доираи барномаи чорабинӣ як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд. Тадбиркорон барои рушди тиҷорати худ, амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои бузургҳаҷму манфиатбахш ва васеъ намудани ҳаҷми содироти маҳсулот шартномаҳо имзо намуданд. Ташкилкунандагони намоиш-ярмарка тасмим гирифтанд, ки барои рушди соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани алоқаҳои иқтисодӣ минбаъд низ чунин чорабиниҳоро ташкил менамоянд. Намоиш-ярмаркаи навбатӣ дар санаи 3-5 декабр баргузор хоҳад шуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.