Корхонаи «Aydin kids» ба фаъолият шурӯъ кард

Дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон боз як корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Ба муносибати 33-солагии қабули Конститутсияи кишвар маросими кушодашавии корхонаи «Aydin kids» барпо гардид. Дар ин корхонае, ки ба истеҳсоли либосҳои бачагонаи аз 1 то 12-сола ихтисосонида шудааст, соле 120 тонна, ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот истеҳсол гардида сад фоиз ба кишвари Русия содир мешавад.

Муҳимаш он, ки ин ҷо ба 120 нафар ҷойи кор фароҳам оварда шудааст. Коргарон бо мошинҳои дарздӯзии замонавӣ мувофиқи талаби фармоишгарон маҳсулот тайёр мекунанд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Тӯрақӯрғон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: