Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳои намояндагон!
Ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ва Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, бародари азиз, муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов барои пазироии самимӣ ва ташкили ин форум дар сатҳи олӣ миннатдории амиқ баён мекунам.
Роҳбарияти Туркманистон ва тамоми халқи бародари туркманро бо ҷашни миллӣ – 30-солагии эълони Бетарафии доимӣ табрик мегӯям.
Ин санаи муборак ҳамеша содиқ будани Туркманистонро дар пойдор намудани равобит дар пояи сулҳ, эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таҷассум менамояд.
Мо ин форумро ҳамчун барои пешбурди ғояҳои сулҳдӯстӣ ва сулҳпарварӣ, таҳкими эътимод ва эҳтироми мутақобила миёни давлатҳо, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ тавассути мулоқот ва музокирот як платформаи муҳими сиёсӣ меҳисобем.
Иштирокдорони муҳтарам!
Бетарафии Туркманистон, ки ба ҷузъи ҷудонашавандаи ба хуб хоси симои муосири халқи туркман табдил ёфтааст, ба суннатҳои амиқи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, ба фазилатҳои накӯкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамсоягии нек такя мекунад.
Ин падида бо шарофати нақши ҳалкунанда ва хидматҳои меъмори фалсафаи бетарафии мусбати марҳилаи имрӯзаи халқи туркман – Гурбангули Мяликгулиевич Бердимуҳамедов дар саросари ҷаҳон ба эътирофи густурда сазовор гардид.
Ин самти стратегии интихобшуда аз ҷониби Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич бо суръати нав татбиқ мегардад.
Модели бетарафии доимии Туркманистон баръало нишон медиҳад, ки чӣ гуна тамоюлҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилӣ метавонад бо сулҳпарварии фаъол ва дипломатияи созанда мутобиқ гардад. Дар Ашқобод бомуваффақият фаъолият намудани Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда (превентив)-и СММ барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ далели равшани ин аст.
Мо дар Ӯзбекистон аз бисёр ҷиҳат ба андешаҳои стратегӣ ва тамоюлҳои сиёсати хориҷии бародарони туркман ҳамроҳ мешавем.
Аз ин рӯ, ташаббуси Туркманистони бародар оид ба таъсиси Донишгоҳи сулҳ ва бетарафӣ бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ менамоем.
Барои Ӯзбекистони Нав, дарҳои боз ба ҷаҳoн, талош барои эҳтиром ва гуфтугӯи мутақобила арзишҳои асосӣ мебошанд. Бинобар ин, мо ташаббуси Самарқандро дар бораи ҳамбастагӣ дар роҳи амният ва некӯаҳволии умумӣ пешниҳод кардем. Ин ташаббус барои ба мулоқот ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳо, ки ба ояндаи башарият бефарқ нестанд, барои сулҳу субот ва рушди устувор талош мекунанд, нигаронида шудааст.
Боварии комил дорем, ки танҳо равишҳои гуманистӣ ва фарогири ба эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ асосёфта, метавонанд низоми муосири ҳамкории байналмилалиро таҳким бахшанд.
Дар робита ба ин, дар давраи раёсати ояндаи Ӯзбекистон ба Ҳаракати бетарафӣ, мо ният дорем ташаббусҳои ҷаҳониро оид ба дастгирии фарҳанги сулҳ ва холӣ аз зӯроварӣ, таҳкими эътимодро миёни давлатҳо дар асоси мулоқоти сиёсӣ, инчунин, кӯмакрасонӣ бобати пойдор намудани фазои таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳонро ҳамчун самтҳои асосии афзалиятнок муайян намоем.
Мо дар давоми раёсати худ барои дастгирии саъю талошҳо бобати ҳалли низоъҳо дар роҳи манфиати насли оянда ҳамчун «Соли дипломатияи пешгирикунанда» эълон кардани соли 2027-умро ба нақша гирифтаем. Дар доираи он конфронс ва форумҳоро ташкил намуда, барномаи чорабиниҳоро, ки табодули мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ, ҷамъиятӣ ва ҷавононро фаро мегирад, қабул хоҳем кард. Умед дорем, ки дар татбиқи он институтҳои махсуси СММ, аз ҷумла Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Ашқобод фаъолона ширкат меварзанд.
Дӯстони муҳтарам!
Дар шароити кунунӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳанӯз вазъи ноустувор пойдор аст ва эътимод байни давлатҳо коҳиш меёбад, содиқ мондан ба тамоюлҳои сулҳҷӯӣ ва миёнравӣ аз ҳарвақта аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Маҳз аз ин рӯ, пешниҳоди Туркманистон дар бораи ҳамчун «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод» эълон кардани соли 2025 ба талаботи муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ӯзбекистон ин ташаббусро пурра дастгирӣ кард ва ҳаммуаллифи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ гардид.
Мо бар онем, ки ин ғояи глобалӣ барои инкор кардани зиддиятҳо, ба ҳам омадани мамлакатҳое, ки ҷонибдори ҳалли ихтилофҳо дар сари мизи музокирот ва андешидани чораҳои муассир барои пойдор кардани сулҳ мебошанд, хидмат мекунад.
Мехостам таъкид кунам, ки тамоюлҳои эътимод, эҳтиром ва ҳамбастагӣ, ҳамчунин асоси сиёсати мо барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба макони сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мебошад.
Мулоқоти машваратии ҳафтуми роҳбарони давлатҳои минтақа, ки моҳи гузашта дар Тошканд баргузор шуд, бори дигар омодагии моро ба таҳкими ҳамҷиҳатӣ, ҳаракатҳои муштарак бобати таъмини сулҳу субот ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии бисёрҷанба дар минтақа нишон дод.
Бояд алоҳида таъкид кард, ки сиёсати созанда ва сулҳҷӯёнаи Туркманистон омили муҳими таъмини субот ва рушд дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ашқободи расмӣ дар соли 2018 баъд аз солҳои зиёд бори аввал нишасти якуми роҳбарони давлатҳои узви Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро ташкил карда, дар эҳёи дубораи гуфтугӯи сатҳи олӣ дар доираи ин бунёд нақши муҳим бозид.
Баргузории Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба рушд, ки имконияти ба баҳр баромаданро надоранд, ки моҳи августи соли равон дар Аваза баргузор гардид, ба ташаккули фазои ягонаи нақлиётӣ-логистикӣ дар минтақа саҳми назаррас гузошт.
Равишҳои мо ва Туркманистон аз рӯйи масъалаҳои ҷалби Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ ва таъмини рушди осоиштаи он тавассути таҳкими пайванди инфрасохторӣ, комилан мувофиқ аст.
Ташаббусҳои Ашқобод оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва обӣ, алоқамандии устувори нақлиётӣ, инчунин ҳифзи экосистемаҳо дар минтақа саъю талошҳои моро дар Осиёи Марказӣ ба таври табиӣ пурра мекунанд.
Ман итминон дорам, ки ин пешниҳодҳои Туркманистон, ки дар худ ғояҳои накӯро, чун сулҳ ва эътимод таҷассум намудааст, дар рӯзномаи Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои минтақа дар давраи раёсати он мавқеи шоистаро ишғол хоҳанд кард.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Ҳамкорие, ки дар пояи эҳтиром, эътимод ва ҳамбастагии мутақобила сурат мегирад, барои татбиқи бузургтарин нақшаҳо дар ҳаёт имкон фароҳам меорад. Бинобар ин, пешбурди чунин нақшаҳо тавассути ҳамкориҳои башардӯстона муҳим аст.
Ба ин муносибат, пешниҳод менамоем, ки соли оянда дар Тошканд бо иштироки дастаҳои фарҳангӣ, олимон ва адибон форуми байналмилалии муштараки башардӯстонаи «Гуфтугӯи фарҳангҳо» баргузор шавад, инчунин, барномаи минтақавии «Ҷавонон дар роҳи сулҳ ва эътимод» роҳандозӣ гардад, ки ба ҷалби ҷавонон ба таҳкими равандҳои сулҳ ва эътимод тавассути татбиқи ташаббусҳо дар бахшҳои таълим, фарҳанг ва волонтёрӣ равона шудааст.
Дӯстони азиз!
Сулҳ ва эътимод — асоси некӯаҳволии умумӣ мебошанд. Таҳкими ин арзишҳо бояд барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ чун самти афзалиятноки ҳалкунанда боқӣ монад.
Ӯзбекистон минбаъд низ барои саҳмгузории амалӣ бобати барпо намудани низоми одилона ва устувор дар ҷаҳон омода аст.
Барои ҳамаи иштирокдорони форум фаъолияти босамар, барои халқи бародари Туркманистон бошад, сулҳ, фаровонӣ ва пешрафти бештар таманно дорам.