Сафари амалии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Ашқобод анҷом ёфт.
Сарвари кишварамон дар форуми байналмилалӣ, ки ба муносибати 30-солагии эълон гардидани бетарафии доимии Туркманистон, Рӯзи байналмилалии бетарафӣ ва бахшида ба чун «Соли байналмилалии сулҳ ва роҳи эътимод» эълон гардидани соли 2025 гузаронида шуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Президенти Ӯзбекистон бо Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президент Сердар Бердимуҳамедов музокирот анҷом дод.
Дар доираи сафар роҳбарони ҳайатҳои намояндагон аз Ёдгории навсозишудаи бетарафии Ашқобод низ боздид намуданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Хоҷамират Гелдимурадов ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Роҳбари давлатамон ба шаҳри Тошканд баргашт.