9 декабри соли ҷорӣ олими барҷастаи соҳаи тиб, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои тиб, профессор Абдулла Муҳаррамович Убайдуллаев аз олам даргузашт. Ӯ 91-сола буд.
Абдулла Убайдуллаев 20 марти соли 1934 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишкадаи давлатии тиббии Тошканд (ҳоло — Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд) таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун фелдшер дар беморхонаи клиникии рақами 1-ми шаҳри Тошканд оғоз намуд. Баъдан дар аспирантура ва докторантураи Тошканд ва Москва таҳсил карда, рисолаи номзадӣ ва докториро дифоъ кардааст. Барои хизматҳои бисёрсолаи худ дар соҳаи илм соли 1995 узви вобаста ва соли 2000 узви комили (академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид.
Дар тӯли қариб 70 соли фаъолияти меҳнатӣ А. Убайдуллаев ҳамчун ассистент ва дотсенти Институти такмили ихтисоси табибони Тошканд, декани факултет, директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии фтизиатрия ва пулмонология, профессори Маркази рушди малакаи касбии кормандони тиб фаъолият намудааст. Дар ҳамаи ин вазифаҳои пурмасъулият ӯ қобилияти баландии илмӣ-педагогӣ ва ташкилии худро нишон дод.
Олиме, ки тамоми умри худро ба кори пуршарафи ҳифзи саломатии аҳолӣ бахшида буд, дар омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, инчунин дар рушди илми муосири тиббии Ӯзбекистон ҳиссаи калон гузоштааст.
Дар фаъолияти илмии ӯ фтизиатрия ва пулмонология-эпидемиология ҷойи махсус ишғол мекард. Ӯ таҳқиқоти муҳими марбут ба пешгирӣ ва муолиҷаи сил ва бемориҳои ғайритипии узвҳои нафасро анҷом дода, муаллифи даҳҳо монография, китобҳои дарсӣ ва дастурҳо гардид ва дар кишвар мактаби илмии пулмонология ва аллергологияро ба вуҷуд овард.
Дар солҳои гуногун Абдулла Убайдуллаев Ассотсиатсияи пулмонологҳои Осиёи Марказиро роҳбарӣ мекард, сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Вестник пулмонологов Центральной Азии» буд, узви Ҷамъияти респиратории Аврупо ва Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо сил ва бемориҳои шуш ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти ӯ ҳам дар кишвар ва ҳам дар ҷомеаи байналмилалии илмӣ эътироф пайдо карда буд.
Ин олими ба касби худ содиқ барои бисёр мутахассисони ҷавон устод ва роҳнамо гардид. Зери роҳбарии ӯ даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ шудаанд.
Хидматҳои академик А. Убайдуллаев дар рушди тибби миллӣ аз ҷониби давлат баҳои баланд гирифт. Ӯ бо унвони фахрии «Корманди шоистаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сарфароз гардида, бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шудааст.
Хотираи дурахшони ин олими бузург, устоди ғамхори ҷавонон, инсони самимӣ ва хоксор Абдулла Муҳаррамович Убайдуллаев ҳамеша дар дилҳои мо боқӣ хоҳад монд.
Ш. Мирзиёев, Т. Норбоева, Н. Исмоилов,
А. Арипов, Ш. Аюпов, А. Худаяров