Дар Бухоро қариб 10 миллион ниҳол шинонда шуд

Барномаи миллии «Макони сабз» дар шароити мураккаби экологӣ аҳамияти муҳим пайдо карда, ба маъракаи умумхалқӣ табдил ёфтааст ва алҳол дар вилояти Бухоро низ бо рӯҳбаландӣ татбиқ мегардад.

Тирамоҳи соли равон дар вилоят 9 миллиону 712 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун шинонда шуданд. Дар ноҳияи Когон 500 ҳазор бех, аз ҷумла дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сухор барои бунёди боғи фарҳангии истироҳатӣ 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуҷум, сафедор, акатся ва ғайра шинонданд. Ин кор дар ноҳияҳои Ғиждувон, Қаровулбозор, Бухоро, Шофиркон низ бо рӯҳбаландӣ гузашт. Дар ноҳияи Бухоро бо ташаббуси ҳокимияти вилоят ва Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят «Боғи устодон» кушода шуда, дар он қариб ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадеҳ нишонданд. Дар ин маърака беш аз 500 нафар корманди соҳа фаъолона иштирок карданд. Метавон гуфт, ки ин мавзеъ на фақат дар маҳаллаи «Истиқбол», балки дар вилоят ба яке аз ҷойҳои хушманзара ва пурфайз табдил хоҳад ёфт.

Дар ноҳияи Шофиркон ҳам 1 миллиону 100 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадеҳу манзаравӣ нишонда шуданд.

Дар ин ҷараён намояндагони ҳамаи соҳаҳо иштироки фаъолона доранд. Ин ҳаракат дар дигар мавзеъҳои вилоят низ муташаккилона сурат гирифт.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: