Дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон боз як бинои замонавии кӯдакистон ба истифода дода шуд.
Муассисаи давлатии томактабии рақами 55-уми маҳаллаи Янгичак минбаъд фаъолияти худро дар ин бинои нав давом медиҳад. Бо бозсозӣ ва корҳои таъмирӣ дар боғча миқдори ҷой аз 50 то 90-то афзуд. Макони таълимӣ бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин шуда, имкониятҳои қулай, бехавфу хатар барои кӯдакон фароҳам омад.
Дар чорабинии пуршукӯҳ ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов, роҳбарони созмони муассисаҳои таълими томактабӣ, намояндагони маҳалла, нурониён, собиқадорони меҳнат ва падару модарон иштирок намуданд.
– Кӯдакистон тамоман аз нав сохта шуд. Барои бунёди бинои нав наздик ба 3 миллиард сӯм маблағ сарф шудааст. Корҳои сохтмонро бинокорони ҶММ «Челси дизайн»-и шаҳри Намангон анҷом доданд. Албатта, мо аз ғамхориҳо рӯҳу қувват гирифта, меҳнат мекунем. Таълиму тарбияи бачагонро боз босифату мазмуннок месозем, – гуфт сарвари муассиса Матлуба Ҷӯраева.
Муассисаи давлатии бозсохту навбунёд ба аҳли маҳаллаи Янгичак, хосатан, оилаҳои ҷавон ҳадяи идона гардида, ба онҳо хуррамию нишот бахшид.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.