Сафари Президенти Ҷумҳурии Парагвай ба кишвари мо самарабахш идома дорад

Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня бо сафари расмӣ дар мамлакати мо қарор дорад.

12 декабр меҳмони олимақом ба боғи «Ӯзбекистони Нав» ташриф оварда, ба пояи ёдгории Истиқлолият гул гузошт.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба симои ниёи бузурги мо, ки бо амалҳои нек дар роҳи мақсадҳои бузург ва хайр дар таърихи кишвари мо нақши фаромӯшнопазир гузоштаанд, эҳтиром мегузорад.

Ёдгории Истиқлолият, ки рамзи эътимод ба гузашта ва ояндаи мамлакат аст, аз камол ёфтани соҳибони заковат, ки гултоҷи маънавият дар ин сарзамин ҳастанд, гувоҳӣ медиҳад.

Президенти Парагвай Сантяго Пеня ҳангоми гузоштани гулчанбар ба пояи ёдгории Истиқлолият, дар назди маҷмаае, ки чун ифодаи равшани озодии Ватан ва фаровонии мардум қад афрохтааст, рамзӣ сар фуруд оварда эҳтиром гузошт.

Дар бораи таърихи кишвар ва маърифати ниёи мо, ки ба тамаддуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд, маълумот ба даст овард.

Дар маросим вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Шаҳраки Олимпӣ, ки дар пойтахтшаҳр бунёд гардидааст, ба иқтидори баланди созандагии халқи мо ва дастовардҳои ҷаҳонии варзиши ӯзбек пойдевор хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба шаҳраки Олимпӣ, ки аз ҷиҳати меъморӣ комил буда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ва дорои пешрафтатарин ҳалли инноватсионӣ мебошад, низ ташриф овард.

Ба меҳмони олимартаба вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов ва муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпӣ Отабек Умаров ҳамроҳӣ карданд.

Дар ҳақиқат, имрӯз ин маҷмаа имкониятҳои Ӯзбекистони Навро на танҳо ба Осиё, балки ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамояд. 9 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сохтмони шаҳрак санги асос гузошта буд.

Дар маҷмаа, ки масоҳати умумии он зиёда аз 100 гектар аст, варзишгоҳи махсус барои атлетикаи сабук ва футбол, иншооти кушода ва пӯшидаи барои мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ пешбинишуда бунёд ёфтааст.

Дар дохили шаҳрак панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки онҳо майдони маҷмааро бо нерӯи барқ таъмин мекунанд. Барои қувватдиҳии мошинҳои барқӣ низ истгоҳҳо ташкил шудаанд.

Дар ин ҷо барои гузаронидани мусобиқа ва машқҳои велопойга, тенниси рӯимизӣ ва шамшербозӣ имконият фароҳам гардидааст. Дар варзишгоҳи дорои 12 ҳазор ҷойи нишаст майдони сабз ва дар 9 қатори роҳрави давидан оид ба 48 навъи атлетикаи сабук мусобиқа ва маросимҳои тантанавӣ гузаронидан мумкин аст.

Дар қасри варзиши обӣ ҳавзҳои шиноварӣ ва ҷаҳидан ба об, ҳавз ва толори машқ мавҷуданд. Дар маҷмааи варзиши даставӣ бошад, метавон машқ ва мусобиқаҳои байналмилалиро оид ба волейбол, баскетбол ва гандбол гузаронд.

Маҷмааи гӯштии якка барои рушди намудҳои варзиш, чун дзюдо, бокс ва таэквондо асос хоҳад шуд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити дар шаҳри Олимпӣ фароҳам овардашуда, роҳбари Парагвай итминон ҳосил кард, ки дар кишвари мо ба рушди варзиш таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ дода мешавад.

Дар доираи сафари расмии худ ба кишвари мо Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня аз Маркази тамаддуни исломиро дар шаҳри Тошканд низ боздид намуд.

Меҳмони олиро вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ҳамроҳӣ кард.

Марказе, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев таъсис ёфтааст, маҷмааи таърихию маърифатӣ буда, ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси бебаҳои илмӣ-маънавии тамаддуни исломӣ нигаронда шудааст. Он бо ҳамоҳангии суннатҳои меъмории миллӣ ва ҳалли ороишии муосир бунёд гардидааст. Аз чор тарафи он пештоқҳои баландиашон 34 метр қомат афрохтаанд ва дар қисми марказӣ гунбазе бо баландии 65 метр устувор аст.

Президент Сантяго Пеня ҳамчунин ба толори Қуръони карим ташриф овард, ки дар он яке аз бузургтарин ёдгориҳои маънавии ҷаҳони ислом — Мусҳафи Усмон нигоҳ дошта мешавад. Аҳамияти муҳими ин нусхаи нодир дар таърихи дини ислом ва фарҳанги ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Ғайр аз ин, ҳайати Парагвай бо бахшҳои «Тамаддунҳои пеш аз ислом», «Давраи Эҳёи аввал», «Давраи Эҳёи дуюм» ва «Ӯзбекистони нав — Эҳёи нав» шинос шуд. Дар ин бахшҳо мероси олимони бузург — Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абу-Мансур Мотуридӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, инчунин нусхаҳои нодири дастнавис, ки ба давраҳои Сомониён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Темуриён ва дигар сулолаҳо тааллуқ доранд, васеъ инъикос ёфтаанд.

Президент Сантяго Пеня таъкид кард, ки ин маҷмаа барои ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои навро мекушояд.

Зикр шуд, ки таҳкими гуфтугӯи фарҳангӣ ва наздикии маънавӣ дар шароити чолишҳои ҷаҳонии муосир аҳамияти махсус касб мекунад.

Ба корҳои васеъ, ки дар Ӯзбекистон барои ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихӣ анҷом дода мешаванд, баҳои баланд дода шуд.

Роҳбари Парагвай ҳамчунин дар Маҷмааи умумии Федератсияи байналмилалии автомобилӣ (FIA) ва маросими ҷоизасупории ғолибони мусобиқаҳое, ки зери сарпарастии ин созмон баргузор мешаванд, иштирок намуд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ба Ӯзбекистон идома дорад.

Икром АВВАЛБОЕВ,

Абдулазиз РУСТАМОВ,

Мархабо ХОҶИАKБАРОВА,

мухбирони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: