Ғолибони марҳилаи вилоятӣ ба олимпиадаи зинаи ҷумҳуриявӣ мераванд

Дар вилоятҳои Фарғона ва Намангон марҳилаи минтақавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои асосӣ натиҷагирӣ шуд ва ғолибони он муайян гардиданд.

Дар вилояти Фарғона марҳилаи минтақавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои асосӣ натиҷагирӣ шуд ва ғолибони он муайян гардиданд.  Бар асоси маълумоти Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилоят дар ин олимпиада 2 ҳазору 559 нафар донишомӯзони синфҳои 9, 10 ва 11-ум иштирок намуданд. Онҳо донишу малакаи худро аз 15 фан намоиш доданд.

– Тибқи натиҷагириҳо 135 нафар донишомӯзон ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол карда, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки дар байни довталабони олимпиадаи марҳилаи вилоятӣ шогирдони мактабҳои ноҳияи Сӯх пешдаст гаштаанд, – гуфт сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилоят Шерзод Долимов.

Ғолибони ҷойи 1-ум  2 миллиону 472 ҳазор сӯм, ҷойи 2-юм 1 миллиону 648 ҳазор сӯм ва ҷойи 3-юм 1 миллиону 236 ҳазор сӯм мукофотҳои пулиро ба даст оварданд. 

 – Дар олимпиада 10 нафар хонандагони боистеъдоди ноҳияи мо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм шуданд. Онҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин талош хоҳанд кард, – иброз дошт сардори шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳияи Сӯх Фозилҷон Мирзоев.

Дар ин ҷода заҳмати муаллимони забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ Санҷар Исмоилзода, Равшан Амалов, Шоҳрӯз Додозода, Нурбек Илёсов, Мунирахон Холмуродова, Муллоҳусейн Сафаров, Тӯймаҳмад Қароев ва Акрамҷон Аминҷонов, инчунин директорони мактабҳо Комил Саломов, Абдумаҷид Юлдошев, Дониёр Ҳакимов, Маҳмадхӯҷа Саидов, Абдуқаҳҳор Додобоев ва Ҳабибҷон Ҷӯраев хеле калон мебошад. Зеро маҳз бо саъй ва талоши онҳо хонандагон ба олимпиадаҳои марҳилаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ тайёр шуданд.

 Ба таъкиди Ф.Мирзоев барои ба чунин муваффақият сазовор шудани хонандагони мактабҳои ноҳия саҳми волидайни онҳоро  низ қайд кардан зарур аст. Онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд, ки фарзандонашон ба озмунҳо пухта тайёрӣ бинанд.

Аз фанни забони  тоҷикӣ хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 2-юм Муздалифа Илҳомова бо 72,1 хол ҷойи 1-ум, аз мактаби миёнаи рақами 25 Соҳибахон Бобоазимова бо 54,2 хол ҷойи 2-юм ва аз мактаби рақами 19-ум Гулсанамхон Анварова бо 45,7 хол ҷойи 3-юмро ишғол карданд.  Аз ин фан дар байни хонандагони синфи 10-ум аз мактаби миёнаи рақами 11 Гулзора Аминова бо 62,2 хол ҷойи 1-ум, аз мактаби миёнаи рақами 25 Даҳиятбону Бобуртӯраева ҷойи 2-юм ва аз ҳамин мактаб Умринисо Баҳромҷонова бо 47,5 хол ҷойи 3-юмро сазовор гаштаанд. 

 Дар байни хонандагони синфи 11-ум аз мактаби рақами 28 Фариштамоҳ Ҳасанҷонова бо 85.9 хол ҷойи 1-ум, аз мактаби рақами 25 Кибриёхон Бобоазимова бо 76 хол ҷойи 2-юм ва аз мактаби рақами 11-ум Холинисо Бобошерова бо 76 хол низ ҷойи 2-юми ғолибони фанни забони тоҷикӣ дониста шудаанд.

 Хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи  рақами 9-уми ноҳия Гулнигор Алиҷонова аз фанни забони давлатӣ ҷойи 3-юмро ишғол кардааст.

 – Акнун дар пеш олимпиадаи марҳилаи ҷумҳуриявӣ донишомӯзонро интизор аст. Умедворем, ки дар ин марҳилаи сарнавиштсоз низ онҳо донишу маҳорати худро сарбаландона намоиш дода, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд, – мегӯяд  Фозилҷон Мирзоев.  

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири Овози тоҷик.

Вилояти ФАРҒОНА.
***

Ба наздикӣ дар минтақаҳо байни хонандагони синфҳои 9-11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ марҳилаи сеюми минтақавии олимпиадаи фанҳо ба охир расид.

Дар вилояти Намангон дар ин марҳилаи озмун аз 15 фан 135 хонанда иштирок карда, 45 хонандаи синфи 11-ум ба зинаи ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтанд. Писарону духтароне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол карданд, бо ҷоизаи пулӣ ва дипломҳо рағбатонида шуданд.

Аз ҷумла, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ки дар он довталабон аз ноҳияҳои Чуст ва Поп иштирок кардаанд, хонандагони чустӣ ғолибиятро ба даст дароварданд. Хурсандиовар аст, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юм ба хонандагони як мактаб – мактаби рақами 50-ум Маҳфуза Эркинова ва Мубина Асқаралиева насиб кард. Ба ҷойи 3-юм хонандаи мактаби рақами 13-ум Нозанин Обидова сазовор гашт. 

Дар чорабинӣ роҳбари садорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ Аъзамҷон Исоқов ба сухан баромада, ғолибонро табрик намуд ва ба ҳамаи онҳо эътимоди баланд изҳор карда, таъкид намуд, ки барои ба даст даровардани натиҷаҳои баланд дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ бинанд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: