Муаррифии нусхаи англисии китоби «Ӯзбекистони Нав: роҳи Шавкат Мирзиёев»

Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия мизбони маросими муаррифии нусхаи англисии китоби «Ӯзбекистони нав: Роҳи Шавкат Мирзиёев» гардид. Муаллифи китоб сиёсатшиноси маъруф, сенатор ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилло Рафиқов мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, муҳити илмӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Зимни муаррифӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба ислоҳот ва тағйироти бузургмиқёсе равона шуд, ки солҳои охир таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ гардида, дар ин китоб инъикос ёфтаанд.

Муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректори донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия Содиқ Сафоев таъкид кард, ки дар китоби Қудратилло Рафиқов таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои рушди стратегии кишвар пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар китоб тағйироти амиқ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо далелу мисолҳои равшан инъикос ёфтаанд.

– «Ӯзбекистони нав: Роҳи Шавкат Мирзиёев» асари бунёдӣ буда, ҷараёни тағйироти кишварро муфассал шарҳ медиҳад. Нашрия барои хонандагони байналмилалӣ пешбинӣ шуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки моҳият, ҳадафҳо ва дастовардҳои ислоҳоти дар кишвар татбиқшавандаро амиқтар дарк намоянд, – изҳор дошт Содиқ Сафоев.

Ӯ афзуд, ки дар китоб ба либерализатсияи иқтисодӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва болоравии нақши Ӯзбекистон ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Ба иттилои ӯ, нусхаи англисии китоб аллакай таваҷҷуҳи васеи байналмилалиро ҷалб намудааст.

Дар идома муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев, сардабири рӯзномаи «Ишонч», сенатор Ҳусан Эрматов, доктори илмҳои фалсафа Моҳинура Мирҳамидова ва сафирони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба муҳтавои китоб андешаҳои худро баён карданд. Таъкид гардид, ки баргузоршавии чунин чорабиниҳо дар миёни коршиносон, сиёсатмадорон ва дипломатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд оварда, ба баланд гардидани эътибори «Ӯзбекистони нав» дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Муаррифии китоб дар Вашингтон — дар бинои Конгресси ИМА, ҳамчунин дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк низ бо истиқболи гарму самимӣ баргузор шудааст.

Гуласал Шокирова,

корманди Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: