Ҳаёти нави Диёрбек: қадам ба сӯи эътимод, имконият ва пирӯзӣ

Барои Диёрбек Музаффаров, ки дар маҳаллаи Ёшлики шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ зиндагӣ мекунад, соли хониши имсола давраи муҳим ва ҳалкунандаи зиндагӣ буд.

Пас аз панҷ соли таҳсил дар хона Диёрбек ба синфи инклюзивии мактаби миёнаи № 4 қабул шуд. Ин қарор дар ҳаёти хонанда дарҳои имкониятҳои навро боз кард.

Эътибор ва дастгирии омӯзгорон ва ҷамоаи мактаб, ҳамчунин имкони таҳсил дар канори ҳамсинфонаш эътимоди Диёрбекро ба худ афзуд. Маҳфили гурӯҳи вокалӣ, ки ӯ дар он иштирок мекунад, низ барои намоён кардани истеъдоди ҷавон кумак расонд.

– Аввал вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт, – мегӯяд Диёрбек Музаффаров. – Ҳамсинфонам ва муаллимон маро самимона пазируфтанд ва ман зуд ба ин муҳит мутобиқ шудам. Дӯстони нав ва таваҷҷуҳи устодонам ба ман неру бахшид. Ғайр аз ин, ман ба суруд хондан шавқ дорам. Дар хона ҳамеша бо модарам машқ мекардам. Ҳатто иштирок дар маҳфили мактаб барои рушди овозам имкон фароҳам овард. Ба наздикӣ ман дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Ту соҳибистеъдодӣ» ширкат карда, ғолиби зинаи ҷумҳуриявӣ гардидам. Дар оянда ман ният дорам, таҳсилро идома дода, сурудхони хуб шавам.

Суратгир: Сироҷ АСЛОНОВ,

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: