Ҷангали сангӣ – ганҷи пинҳони саҳрои Қизилқум

Яке аз падидаҳои нодири табиии ҷаҳон — ҷангали сангии Ӯзбекистон дар ноҳияи Учқудуқи вилояти Навоӣ, дар наздикии деҳаи Мингбулоқ ҷойгир аст. Ин ҷо як бозёфти муҳими археологӣ ва осорхонаи палеонтологии зери осмони кушод ба шумор меравад.

Дар ҷаҳон ҷангалҳои сангӣ аз ҳодисаҳои нодир буда, аксари онҳо таърихи миллионсолаи табииро соҳибанд. Аз ин рӯ, чунин мавзеъ на танҳо зебоии табиӣ, балки аҳамияти бузурги илмӣ низ доранд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Учқудуқ қариб дар масофаи 300 километр аз маркази шаҳри Навоӣ ҷойгир аст ва чун гавҳари саҳрои Қизилқум гӯшаҳои зебову манзилҳои зиёди таърихӣ дорад. Ҷангали сангӣ бошад, аз ноҳия тақрибан 130 километр дур буда, 100 километри роҳи Мингбулоқ асфалт ва 30 километри боқимонда роҳи омехтаи регу санг аст. Бояд гуфт, ки дар мавсими боронӣ мошинҳои оддӣ наметавонанд ин роҳро убур намоянд. Аз ин рӯ, аз деҳа то мавзеъ бояд бо нақлиёти махсус рафт.

Бино ба маълумотҳо пасттеппаи Мингбулоқ пасттарин нуқтаи релефи Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад ва дар чуқурии 12 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Аз рӯйи тахминҳои илмӣ, ҷангали сангӣ тақрибан 100 миллион сол пеш бар асоси дарахтони бузург, ки дар соҳили баҳри қадимаи Тетис рӯйидаанд, ба вуҷуд омадааст. Он замон ин мавзеъ зери об ва пур аз ҷангалҳои сабз будааст. Баъдан, дар натиҷаи тағйироти қавии геологӣ, фаъолияти вулқонӣ ва вокунишҳои кимиёвӣ, боқимондаҳои набототу ҳайвонот тадриҷан минерализатсия шуда, ба санг табдил ёфтаанд.

Бино ба ривояти дигар, ҳазорҳо сол пеш ба ин ҷо метеорит афтодааст. Дар натиҷаи зарбаи сахт сатҳи баҳр тағйир ёфта, ҷангалзор ва мавҷудоти зиндаи гирду атроф дар зери гармии офтоби сӯзон хушк шудаанд ва бо гузашти вақт ба санг мубаддал гардидаанд. Ин ҳодиса яке аз саҳифаҳои хеле аҷиби таърихи геологии саҳрои Қизилқум, ки дар масоҳати сӣ миллион гектар доман густурда, дорои флора ва фаунаи хоси худ мебошад, ба шумор меравад.

– Дар ин «ҷангали сангӣ» то имрӯз боқимондаҳои сангшудаи моҳиҳои дарранда, ҷонварони қадимаи заминӣ ва ҳатто устухон, дандонҳо ва косахонаи сари динозаврҳо ба чашм мерасанд, – мегӯяд муаррих Рамазон Эгамов. – Ин ҳама аз он далолат мекунанд, ки замоне дар ҷойи Қизилқум уқёнуси бузург вуҷуд доштааст. Дар бораи пайдоиши «ҷангали сангӣ» боз чунин фарзия мавҷуд: дар он давра дарахтон ва буттаҳои хурде, ки зери об месабзиданд, дар канори дарё ҷойгир буданд. Қумҳои гирду атроф бо ҷараёни об омада, оҳиста-оҳиста дар гирди дарахтон ҷамъ мешаванд ва ҳолати ба санг табдил ёфтани онҳо рух медиҳад. Дар натиҷа, растаниҳо хушк мешаванд. Пас аз хушк шудани дарахтҳо, дар ҷойи онҳо холигӣ пайдо мегардад ва ин холигӣ бо қуму таҳшинҳо пур мешавад. Дар тӯли миллионҳо сол ин таҳшинҳо ба санг мубаддал мегарданд.

«Ҷангали сангӣ» ҳамчун объекти нодири геологӣ, палеонтологӣ, таърихӣ ва табиӣ имрӯз низ диққати олимони ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Солҳои 2000–2006 таҳти роҳбарии олими палеонтолог, профессор Ҷеймс Девид Арчибалд дар ҳамкорӣ бо олимони Ӯзбекистон, Русия, Британияи Кабир, Амрико ва Канада экспедитсия гузаронида шуд ва маҳз дар натиҷаи ин кофтукобҳо бисёриҳо аз ин мӯъҷизаи нодири табиати Қизилқум огоҳ гардиданд.

Имрӯз ин минтақа ҳамчун объекти сайёҳӣ ба яке аз масканҳои дӯстдоштаи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.

– Тибқи қарори Девони Вазирон аз 10 марти соли 2022 «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори туризм ва объектҳои мероси фарҳангӣ дар соли 2022», Рӯйхати лоиҳаҳо дар самти такмили шабакаҳои муҳандисӣ-коммуникатсионии объектҳои сайёҳӣ, реставратсия, консерватсия ва обод кардани объектҳои мероси фарҳангӣ, сохтмон, таҷдид, васеъсозӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳию фароғатӣ тасдиқ гардид, – мегӯяд муовини сардори Садорати сайёҳии вилояти Навоӣ Дилшод Хӯҷаев. – Дар асоси ин дар атрофи ёдгории табиӣ-археологии «ҷангали сангӣ» корҳои насби панҷараҳои 3D, батареяҳои офтобӣ, камераҳои назоратӣ ва чароғҳои равшанидиҳандаи шабона дар назар аст. Ҳоло дар ин минтақа хизматрасониҳои роҳбаладӣ, аниматсияи этникӣ, сайр бо аспу шутур, агротуризм, иҷрои фолклор, ҳунармандӣ, хонадонҳои гастрономӣ барои омода кардани таомҳои миллӣ, хона-музейҳо, маҳсулот аз шири шутур, усулҳои табобатӣ ва фурӯши онҳо барои сайёҳон ба роҳ монда шудааст. Дар деҳаи Мингбулоқ меҳмонхонаҳои оилавӣ ва ҷойҳои истироҳатӣ таъсис ёфта, бо ворид кардани онҳо ба самтҳои нави сайёҳӣ, шумораи меҳмононе, ки аз ёдгории табиӣ-археологии «ҷангали сангӣ» дидан мекунанд, бамаротиб афзудааст.

Ёдовар мекунем, ки дар ҷаҳон ҷангалҳои сангии Аризона, (ИМА), Лесбос (Аврупо), Патагония (Аргентина), Ҳиндустон (ҷануби Ҳиндустон – Тамил Наду), Мадагаскар, Линганг (Чин), Чатсуорт (Австралия) низ мавҷуданд, ки аксари онҳо ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.

Ш.ЙӮЛДОШЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: