Помидор сабзавоти маъмул буда, мардум онро қариб ҳар рӯз истеъмол мекунанд. Ҳарчанд ватани он Амрикои Ҷанубӣ аст, худ калимаи италиёӣ буда, маънои «себи сурх»-ро дорад.
Шояд аксар надонанд, ки помидор, масалан дар Самарқанд чӣ тавр пайдо гаштааст.
Бояд гуфт, ки дар оғози асри ХХ деҳқони асили маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд бобои Ҳусайн аввалин шуда бо парвариши ниҳоли помидор машғул гашт. Ҳоло анъанаи неки ин марди шарифро сулолаи Бобомуродовҳо идома медиҳанд. Бинобар ин, онҳоро дар Самарқанд ҳамчун асосгузори кишти помидор мешиносанд.
– Бобокалони ман Ҳусайндеҳқон бо русҳо риштаи дӯстӣ доштанд ва аз онҳо тухмии помидор ва картошкаро оварда, бо парвариши ин намуди сабзавот машғул мешуданд, ҳатто барои ин аз баъзе пешвоёни дин танбеҳ ҳам гирифтаанд, ки гӯё ба кишти сабзавоти «кофирон» сарукор дорад, – гуфт абераи Ҳусайнбобо, деҳқони асил Ҳоҷимурод Бобомуродов. – Хушбахтона, бо гузашти айём аҳолии таҳҷоӣ ба кишту истеъмоли помидор ва картошка одат карданд. Ҳоло он яке аз сабзавоти серғизо ва асосии аҳолии мост. Баъд падари бузургворам Саидмурод Бобомуродов, худам ва ҳамсарам Умаро Мустафоқулова солҳои тӯлонӣ дар минтақаи Янгиариқи собиқ хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» бо сабзавоткорӣ ризқу насиба ёфтем. Фарзандону наберагон хоҷагии фермерии «Боғи Ҳоҷимурод Бобомуродов»-ро ташкил карда, дар 15 гектар замин бо деҳқонӣ ва боғбонӣ машғуланд. Касби бобоиро идома медиҳанд.
Ҳ.Бобомуродов таъкид кард, ки помидор растании яксола буда, аз як гектар майдон то 600-800 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар Самарқанд бештар навъҳои «Волгоград», «Кубан», «Гулобӣ»-и онро парвариш мекунанд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.