Инъикоси ҷараёни ислоҳот дар китоби рӯзноманигори покистонӣ

  • Инъикоси ҷараёни ислоҳот дар китоби рӯзноманигори покистонӣ
  • Инъикоси ҷараёни ислоҳот дар китоби рӯзноманигори покистонӣ
  • Инъикоси ҷараёни ислоҳот дар китоби рӯзноманигори покистонӣ

Дар Маркази маърифати Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ маросими муаррифии китоби бадеӣ-публитсистии «Ӯзбекистон: Эҳёи сеюм – консепсияи рушд»-и рӯзноманигор ва нависандаи машҳури покистонӣ Муҳаммад Аббос Хон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мушовири Президенти Покистон оид ба масъалаҳои иттилоот, котиби матбуот М. Солангӣ, ҳамоҳангсози Сарвазир оид ба масъалаҳои тиҷорат Р. Эҳсон, муҳаррири калони шуъбаи хабарҳои Ширкати телевизион ва радиои Покистон, шореҳи сиёсӣ  Х.Фарҳана, намояндагони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, ки дар кишвари мо фаъолият доранд, инчунин ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, кормандони ВАО ва мутахассисони эҷодӣ иштирок карданд.

Китоб ба забони урду навишта шуда, ҳоло ба забони ӯзбекӣ низ нашр шудааст. Дар он мазмун ва моҳияти ғояи Эҳёи Сеюм, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев пешниҳод мешавад, инчунин решаҳои маънавӣ ва аҳамияти ҷаҳонии он бо рӯҳияи бадеӣ ва публитсистӣ васеъ таҳлил шудааст.

Китоб бо андешаҳои пурарзиши «Давраи нав тасодуфан ба вуҷуд намеояд. Он аввал дар шуури мо бедор мешавад ва дар ҳаёти мо зоҳир мегардад» оғоз шудааст.

Сарвазири Покистон Муҳаммад Шоҳбоз Шариф низ пешгуфтори китобро навишта, аҳамияти илмии ин асарро дар фаҳмидани дурнамои тамаддуни башарӣ таъкид кардааст.

Ба гуфтаи сиёсатмадорон ва коршиносони илмии покистонӣ, асари мазкур ва андешаву тафсирҳое, ки муаллиф дар он баён намудааст, на танҳо дар Покистон, балки дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ баланд арзёбӣ хоҳад шуд. Муаллиф ба ташаббусҳои роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайванданд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва ин ҷараёнро ҳамчун эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешими афсонавӣ арзёбӣ намудааст.

Дар хулоса метавон гуфт, китоби «Ӯзбекистон: Эҳёи сеюм – Консепсияи оянда» натиҷаи мушоҳидаҳои панҷсолаи рӯзноманигори маъруф Муҳаммад Аббос Хон буда, китоб на танҳо маҷмӯаи маълумотҳоро оид ба Ӯзбекистон дар бар мегирад, балки муаллиф дар он навсозӣ ва раванди ислоҳотеро, ки дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар рӯйи кор меоянд, равшан инъикос намудааст.

Н. Нодирова,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: