Хатнасури кӯдакони камбизоат баргузор гардид

Дар маркази маҷмӯаи “Фаввора”-и ноҳияи Тӯрақӯрғон бо ташаббуси раиси ҷамъияти маъюбони ноҳия Алишер Тӯхтаматов маросими тӯйи хайриявии 25 нафар кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  раисони ташкилот ва муассисаҳои дахлдор, нурониён, фаъолони маҳаллаҳо, ҳунарманду соҳибкорон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 

 – Дар маҳаллаи Шарқ зиндагӣ мекунем, – мегӯяд яке аз иштироккунандаи тадбир, модари тӯйбача Фотима Абророва. – Орзуи мо имрӯз ҷомаи амал пӯшид. Имкони тӯй кардан надошта будем, аз шунидани ин чорабинӣ хеле шод гаштем. Ба ташкилотчиён миннатдорӣ изҳор мекунам. Иди имрӯза барои  писарам, аъзоёни оилаамон, хешу табор фаромӯшнашаванда шуд.  

Суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинӣ зеб бахшид.

Ба кӯдакон аз тарафи ҳомиёни саховатпеша туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: