Дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон, ки дар шаҳри Дубай баргузор гардиданд, варзишгарони кишварамон бо ба даст овардани 99 медали тилло, 57 нуқра ва 41 биринҷӣ миёни 35 давлат дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми якумро ишғол карданд.
Дирӯз дар Шаҳраки олимпии пойтахт, бахшида ба мукофтонидани варзишгарон ва мураббиёни онҳо, ки дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон шарафи Ватанамонро сазоворона ҳимоя карданд, маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба аъзои ҳайати варзишии Ӯзбекистон, ки дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон иштирок доштанд, қироат намуд.
Сипас, Суруди миллии давлат танин андохт ва шахсони расмӣ варзишгарон ва мураббиёнро бо пирӯзии бузург самимона табрик гуфта, ҷасорат, матонат ва фидокории онҳоро эътироф карданд.
Ин пирӯзӣ бори дигар иқтидор, ирода ва нуфузи ҷавонони Ӯзбекистони Навро дар арсаи байналмилалии варзиш равшан нишон дод.