Маълум аст, ки алҳол бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Миср, Италия, Фаронса, Туркия, Ҳиндустон ва ғайра сайёҳии дохилӣ ва хориҷиро ҳамчун сутуни асосии иқтисодиёти миллии хеш ривоҷу равнақ медиҳанд. Бо сиёсати дурандешонаи сарвари давлат дар Ӯзбекистони Нав низ дар ин бобат тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Суҳбати мо бо корманди оид ба туризми ҳокимияти вилоят, муҳаққиқи мустақили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» Ҷасур Раҳмонов доир ба таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон бинобар вусъат додани сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ ҷараён гирифт.
– Муштариёни «Овози тоҷик» албатта, медонанд, ки Президент қариб дар ҳар як ҷамъомади видеоселекторӣ манбаи даромад будани ин соҳаро таъкид мекунанд, – мегӯяд Ҷасур Раҳмонов. – Боиси хушнудист, ки бо ташаббусу дастгирии сарвари давлат Самарқанд ба маркази сайёҳӣ табдил ёфт. Танҳо дар 10 моҳи охири соли равон мо қариб се миллион меҳмони хориҷӣ ва панҷ миллион сайёҳӣ дохилиро қабул кардем.
Чанде пеш бо иштироки Президент иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Дар он Шавкат Мирзиёев аз ҷумла гуфтанд: «Мо тавонистем Самарқандро ҳам барои аҳолию соҳибкорон ва ҳам барои сайёҳону сармоягузорон ба минтақаи ҷолиб табдил диҳем».
Албатта, роҳбарони мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки дар ин самт ташаббускору навовар бошанд, аз таҷрибаи кишварҳои пешқадами хориҷӣ пурсамар истифода баранд.
– Шахсан шумо дар куҷо таҷрибаомӯзӣ кардед?
– Ман дар Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Ҳиндустон, Фаронса, Англия ва боз чанд кишвари ҷаҳон будам.
Моҳи сентябри соли равон мо ба ҳайати калон ба иёлати Пенсилванияи ИМА сафар карда, аз минтақаи Амиш (Amish Country) боздид намудем. Воқеан тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва маданияти халқи амиш на фақат дар ИМА, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як падидаи аҷибу матлуб шинохта шудааст.
Амишҳо дар охири асри XVII аз Олмон ва Швейтсария ба қитъаи Амрико кӯч бастаанд. Тааҷҷубовар аст, ки ин мардум аз он замон то имрӯз дар Пенсилвания бидуни истифода аз технологияи муосир зиндагӣ мекунанд. Онҳо мошин надоранд, аз нерӯи барқ истифода намебаранд, аз телефон ва шабакаи Интернет низ. Воситаи асосии ҳаракат бошад, аспу ароба аст. Табиист, ки чунин тарзи ҳаёти мардум боиси таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷист. Дар ин ҷо меҳнат арзиши бузург дошта, кор дар шакли дастҷамъӣ анҷом меёбад.
Ин аст, ки Амиш ба минтақаи ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ба мо гуфтанд, ки соле 4-5 миллион сайёҳу меҳмони хориҷӣ ба ин ҷо сафар мекунанд, ки ин ба иқтисодиёти минтақа саҳми арзанда мегузорад.
Дар Ҷопон, Чин ва дигар мамлакатҳои арабу Аврупо бошад, дар ин соҳа ба тарзи дигар маблағҳои кофӣ ба даст меоваранд.
– Оё метавон ин таҷрибаҳоро дар Самарқанд ҷорӣ кард?
– Бешубҳа, чунончи, дар ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Пастарғам минтақаҳои дорои манзараҳои нотакрор, табиати зебову хушҳаво, таомҳои маъмули миллӣ, мусобиқаҳои қадима, фолклор ва тарзи истифода аз аспу ароба мавҷуданд. Борҳо дидаву шунида ва гувоҳ гардидаем, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба деҳаҳои кӯҳистон, чун Оҳалик, Оқсой, Сойи Ғӯс, Оқбурё, Камонгарон ва ғайра сафар карда, аз табиати нотакрори ин деҳот баҳра бурдаанд, ба ваҷд омадаанд.
Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва дигар навгониҳоро пайваста дастгирӣ карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки харитаи ягонаи сайёҳӣ ба ҳаёт бештару хубтар ҷорӣ шавад, пешниҳод дар бораи ҳамчун «Рӯзи саёҳат бо оила ва ҷамоаи корӣ «эълон гардидани ҳар шанбе ва якшанбеи аввали моҳ ба сифати ташаббуси муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ гардад.
Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.