Ошноӣ бо аслияти худ

Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ ба шаҳраки Қалъаи Вардонзе, Қалъаи Ғиждувон ва Қалъаи Бӯронтепаи ноҳияи Рометан вазири Афросиёб – Пирон асос гузошта будааст.

Нахустин маълумотҳо дар бораи қалъаи Вардонзе дар сарчашмаҳои чинӣ, ки дар асри VI навишта шудаанд, вомехӯрад. Ин шаҳр ҳамчун шаҳри савдогарону ҳунармандон маъмул гаштааст. Дар он ҷо панҷто корвонсарой, бозори ҷаҳонӣ, растаю тимҳо мавҷуд буданд.

Дар Қалъаи Вардонзе нафарони зиёде ба воя расидаанд, ки дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷумла, яке аз ҳадисшиноси номӣ Идрис ал-Вардонӣ, шоир Қозӣ Қурбонхон Фитрати Вардонзеҳии Бухороӣ, дертар бобоёни мухбирони номӣ, бародарон Қӯлдошевҳо, Ислом Орипов ва Амрулло Авезов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Розия Аслонова, Солеҳ Фармонов фарзанди ин макон мебошанд. Дар мактаби ин шаҳрак академик Иброҳим Муъминов таълими ибтидоиро гирифта будааст. Гузаштагони академик Ӯткир Расулов ва Тӯра Мирзоев аз ҳамин ҷо будаанд. Иди сайри гули сурх, ки Устод Айнӣ дар асарҳояшон борҳо ба забон гирифтаанд, охирон соли 1929 дар ҳамин ҷо ҷашн гирифта шудааст.

Кофтуковҳои археологӣ дар харобаҳои Қалъаи Вардонзе аз солҳои 1996-1997 бо ҳамкории бостоншиносони италиёӣ оғоз ёфта буд. Аввал дар самти ҷануби ғарбӣ ва шарқӣ, сипас дар болои теппа корҳои археологӣ бурда шуд, ки то имрӯз таркиби экспедитсияи Италия се маротиба иваз шудаанд. Бояд таъкид кард, ки итолиявиҳо ба забони русӣ хело озодона ҳарф мезадаанд. Аз ҷониби мамлакати мо ба корҳои археологӣ, бостоншиноси шинохта, номзади илми таърих Ҷамолиддин Мирзоаҳмедов сарварӣ намудааст.

Ба экспедитсияи аввали Италия Антонио Симоние ном шахс сарварӣ мекард. Боре муаллими собиқадор Рашид Сафаров ӯро ба меҳмонӣ даъват намуда буд. Вақте ки мо байни худ ба забони модарӣ – тоҷикӣ гуфтугӯ доштем, баногоҳ Антонио пурсид:

– Шумоён ба забони форсӣ гуфтугӯ доред, оё ин забони ҷаҳониро медонед?

– Ин забони модарии мост! – дар ҷавоб гуфт Р. Сафаров. Ва дигар ба тарҷумонии Ҷамолиддинака ҳоҷат намонда, гуфтугуямон ба забони тоҷикӣ давом карда буд. Баъди Антонио Симоние Силвия ном хонуме чанд сол кор кард. То рӯзҳои охир хонум Иллария Винченсси дар ҷойи масҷиди ҷомеъ ва деворҳои шарқии харобаҳои шаҳрак, ки тамоман дар зери рег монда рафтааст, корҳои кофтуковро идома дод.

Кофтуковҳои археологии шаҳраки Қалъаи Вардонзе ба мо аз тарзи зиндагонии аждодони гузаштаи дурамон, оиди тарзи шаҳрсозии онҳо хабар медиҳад. Ин ҷиҳати худшиносӣ ва ошноӣ бо аслияти худ, барои насли ҳозира ва оянда басо муҳим аст. Ҷамолиддин Мирзоаҳмедов аз солҳои ҳафтодуми асри бист дар кофтуковҳои археологии воҳаи Бухорои Зарафшон иштирок дорад. Ӯ дар кофтуковҳои шаҳри Бухоро дар назди қисми шимолии мадрасаи Мири Араб, Арки Бухоро ва шаҳри қадимаи Пойкент иштирок ва роҳбарӣ кардааст. Мақолаҳои вай дар бисёр журналҳои илмии соҳавӣ, аз ҷумла «Эрмитаж» нашр шудааст. Дар бораи фаъолияти илмии ӯ филми мустанаде тариқи телевизиони марказӣ ба навор гирифта, борҳо намоиш дода шудааст. Имрӯзҳо, ки синни Ҷамолиддинака аз ҳафтод гузаштааст, вазифаи ӯро писараш Сироҷиддин бар ӯҳда дорад.

Алимурод Темиров,

ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: