Қадами стратегӣ дар навсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба баррасии зарурат ва аҳамияти Фармони Президент “Дар бораи чораҳои боз ҳам беҳтар кардани самаранокии идоракунӣ дар хидмати давлатӣ” нишасти матбуотии Агентии самаранокии идоракунӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Солҳои охир дар кишвари мо барои ташкили идоракунии давлатӣ дар асоси механизмҳои муосир, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 

Дар Маркази матбуоти миллӣ дар бораи зарурат ва аҳамияти Фармони Президент “Дар бораи чораҳои боз ҳам беҳтар кардани самаранокии идоракунӣ дар хидмати давлатӣ” нишасти матбуотии Агентии самаранокии идоракунӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони масъули агентӣ иштирок карданд.

–  Тибқи ин Фармон ба Агентии самаранокии идоракунӣ дар назди Президент, ки дар заминаи Агентии рушди хидмати давлатӣ таъсис ёфтааст, барои ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ дар асоси натиҷаҳо, муайян кардани имкониятҳои нави минтақаҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, инчунин такмил додани низоми кор бо захираҳои инсонӣ дар мақомоти давлатӣ ваколатҳои васеъ дода шуданд, – мегӯяд мудири департаменти кадрҳои Агентии рушди хадомати давлатӣ Илҳом Қурбонов. – Агентӣ ҳоло чораҳоеро ба монанди равишҳои муосири идоракунӣ ва ташкилӣ, таъмин намудани мақомоти давлатӣ бо захираҳои инсонӣ, пешгирии робитаҳои уфуқӣ ва амудии тақсимоти ҳудудӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, муайян кардани нуқтаҳои афзоиш ва имкониятҳои истифоданашуда, ҷорӣ намудани системаи муосири тадқиқот, рушд ва модели салоҳият, захираи кадрҳо ва рушди онҳо, инчунин истифодаи дониш ва потенсиали ҳамватанони хориҷиро амалӣ мекунад.

Самаранокии идоракунии давлатӣ дар асоси занҷири “вазифа-функсия-захира-масъулият” афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, вазифаҳо ва функсияҳои мақомоти давлатӣ ба 5 сатҳи зерин: сатҳҳои конститутсионӣ ва миллӣ, сатҳи мақомоти иҷроияи ҷумҳуриявӣ, сатҳи ҳудудӣ, сатҳи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва сатҳи ҷамоати шаҳвандони маҳалла (деҳа, овул) тақсим шудааст.

Мувофиқи Фармон, аз 1 январи соли 2026 дар мақомоти давлатии 33 ноҳия (шаҳр) бо мақоми “ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар симои Ӯзбекистони Нав” фаъолияткунанда низоми ротатсия (гардиш) ҷорӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат, роҳбари бахши ноҳия (шаҳр)-и мақомоти иҷроияи ҷумҳурӣ ва ҳокими ноҳия (шаҳр) ва муовинони ӯ, чун қоида, ҳар 5 сол ба ноҳия (шаҳр)-и дигар дар дохили Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ротатсия карда мешавад. Роҳбароне, ки бояд ротатсия шаванд, тавассути платформаи “hrm. gov. uz” муайян карда мешаванд. Пеш аз кӯчидан ба минтақаи нав, роҳбар дар курси интенсивӣ оид ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа омӯзонида мешавад. Фаъолияти роҳбари ротатсияшуда аз ҷониби агентӣ тавассути платформаи электронӣ онлайн назорат карда мешавад.

Инчунин дар мақомоти давлатӣ низоми устувори зиддикоррупсионии кормандон ҷорӣ карда мешавад.

Ҳоло тартиби нави нигоҳдории захираи кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Рӯйхати номзадҳо барои вазифаҳои дар Захираи миллии кадрҳо дохилшуда аз ҷониби мақомоти давлатӣ мустақилона ташаккул дода мешавад. Иҷрои нақшаи рушди шахсии номзадҳои интихобшуда тавассути платформаи электронии “zaxira. bsa.uz” назорат карда мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ баромадкунандагон қайд карданд, ки чораҳои пешбинишуда дар фармон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани хидмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва рушди салоҳияти касбии кадрҳо равона карда шудаанд ва таъкид карданд, ки ҳангоми таҳияи ин ташаббусҳо пешниҳодҳои аҳли ҷомеа ва хидматчиёни давлатӣ ба назар гирифта шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷамоатӣ ин фармонро як қадами стратегӣ дар навсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ арзёбӣ карда, ба ҳамаи саволҳои худ оиди соҳа посух гирифтанд.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: