14-уми октябри соли равон таҳти раёсати Президент оид ба масъалаҳои такмили минбаъдаи низоми маҳалла ва ташкили самарабахшии кор дар самти мазкур ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардида буд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон маҳаллаҳо ба як идораи давлатӣ табдил ёфта, ба рӯҳи Ӯзбекистони Нав мутобиқ шуданд. Дар маҳаллаҳо низоми «сегона», «панҷгона» ва ду сол қабл аз ин «ҳафтгона» рӯйи кор омад.
Суҳбати мо бо раиси маҳаллаи Ӯрташайхи ноҳияи Самарқанд – Асрор Нарзуллоев доир ба ислоҳоти пурсамар, пешравӣ, фаъолияти «ҳафтгона» ва дигар масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоӣ буд.
– Дар маҷлиси видеоселекторие, ки таҳти раёсати сарвари давлатамон оид ба масъалаҳои такмили минбаъди низоми маҳалла баргузор гардид, мо – раисони беш аз як ҳазору 300 маҳаллаи вилоят низ ширкат варзида, аз ташрифи Президенти мамлакат ба маҳаллаи Шӯрариқи ноҳияи Норини вилояти Намангон огоҳӣ ёфтем, – гуфт Асрор Нарзуллоев, – баъд мо, як гурӯҳ аминҳои маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд ба маҳаллаи Шӯрариқ омада, ба корҳои ибратбахшу лоиқи таҳсин аз наздик шинос шудем. Дар ҳақиқат кӯчаву хиёбонҳо обод, атрофу муҳит гулзору кабудизор, пиру барно бо тадбиркорӣ машғуланд. Чунин манзараи илҳомбахшу ибратомӯзро дида, кас беихтиёр аз дил мегузаронад: «Ана, мешудааст-ку!»
Баъди сафари Намангон бо фаъолони маҳалла ва узви «ҳафтгона» суҳбати дилнишину самимӣ оростем ва орзу кардем, ки мисли мардуми Шӯрариқи ноҳияи Норин вирди забон хоҳем шуд.
Ба маълумоти шумо расонам, ки дар маҳаллаи мо беш аз чаҳор ҳазору 200 нафар аҳолӣ, ки аксарияти онҳо тоҷиктаборанд, ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд. Аъзои фаъоли Шӯрои маҳалла директори мактаби рақами 16-ум Дилсоро Юсупова, шоири ширинкалом Нормурод Каримзода, собиқ афсари Нерӯҳои мусаллаҳ, полковник Шодмон Азизов, имом-хатиби гузар Ҳамроқул Субҳонов, шифокор Гулбаҳор Зоҳидова, собиқадори таълими халқ, устоди варзиш оид ба шоҳмот Муҳаммад Султонмуродов, ҷонишини ман оид ба корҳои ҳуқуқу тартибот Мирҷамол Эргашев, ёвари ҳоким Исломҷон Ризоев, пирони рӯзгордида Зиёда Зиёева, Шавкат Солеев, Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, ходими идора Наргиза Ҷабборова ва дигарон ба маънои том илҳомбахши каминаанд.
– Роҳбари давлатамон ба кадом омилҳо ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намуданд?
– Тибқи барномаи «Аз камбизоатӣ ба сӯйи некӯаҳволӣ» ба таъмини шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, таълиму тарбияи насли наврас, гузарондани тӯю маърака, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон рӯйи эътибор гардонда шуд.
– Чуноне ки сарвари давлатамон таъкид кардаанд, вақтҳои охир ҳолати ногувору нохуш – вайроншавии оилаҳо зиёд ба назар мерасад.
– Афсӯс, дар ҳақиқат пӯшида нест, ки бо айби баъзе ҷавонони булҳавас, худсару кӯтоҳандеш, хушдоман ва арӯсони аз масъалаҳои оиладорӣ фарсахҳо дур никоҳҳо бекор мешаванд.
Воқеан оила муқаддас аст, манбаи меҳру муҳаббат, пояи асосии рушди устувори ҷомеа буд ва хоҳад монд. Бинобар ҳамин мо бо иштироки мӯйсафедони рӯзгордида, падару модарони соҳибэҳтиром, пешвоёни дин, фаъолони маҳалла, аъзои «ҳафтгона», ходимони идораи давлатии ақди никоҳ барои бартараф кардани чунин ҳолатҳои номатлуб корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мегузаронем.
Вале афсӯс, ки бо якравӣ, баланддимоғӣ ва кӯтоҳандешии баъзе шахсон оила вайрон, кӯдакон зиндаятим мегарданд.
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки сабаби асосии вайрон шудани оила тӯй ва маъракаҳои пурдабдаба, намоишкорӣ ва исрофгарӣ мебошанд.
– Маслиҳат, муроҷиати шумо ба ҷавонон...
– Бо ташаббуси сарвари давлатамон лоиҳаи «Макони сабз» оғоз ёфт, ки мақсади асосӣ аз он ободу зебо, шукуфоии кишвар аст. Ва боз агар дар куҷое озодагӣ, саранҷому сариштагӣ бошад, дар ҳамон ҷо файзу баракат, кайфияти аъло, ривоҷу равнақ хоҳад буд. Бисёр мехостам ҷавонон дар татбиқи ин лоиҳа саҳми назаррас гузоранд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.