Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти неругоҳи бузурги когенератсионӣ, ки дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд бунёд шудааст, шинос гардид.
Бо мақсади таъмини устувор ва бефосилаи аҳолӣ ва объектҳои иқтисодии пойтахт бо энергияи гармӣ дар мавсими зимистон, як қатор дастгоҳҳои муосири когенератсионӣ, ки дар як вақт неруи барқ ва гармӣ истеҳсол мекунанд, ба кор дароварда мешаванд.
Лоиҳаи мазкур, ки дар ҳудуди маркази гармидиҳии 4-уми ноҳияи Юнусобод дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ амалӣ гардидааст ва дорои иқтидори 100 МВт мебошад, яке аз чунин ташаббусҳои муҳим ба шумор меравад.
Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкати «CNTIC»-и Чин татбиқ гардида, дар масоҳати 3,5 гектар ҷойгир аст. Барои маблағгузории он 65 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Сарвари давлат бо ҷараёни кори марказ шинос шуд. Дар иншооти когенератсионӣ 70 адад таҷҳизоти газ-поршении ширкати «Rolls-Royce»-и Британияи Кабир насб гардидааст.
Инфрасохтори таъминоти гармӣ аз дегхонаҳо то истеъмолкунандагон пурра бозсозӣ шуд. Шабакаҳои асосии гармӣ нав гардида, қубурҳои изолятсияшуда иваз карда шуданд. Ин барои пешгирии талафоти энергия дар сатҳҳои гуногун мусоидат мекунад.
Дар натиҷаи ба кор даромадани марказ, соле 876 миллион киловатт-соат неруи барқ ва 858 ҳазор гигакалория энергияи гармӣ истеҳсол мешавад. Ҳамзамон, соле 35 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад.
Минбаъд ҷамъ 1 ҳазору 846 объект, ки дар ноҳияҳои Юнусобод, Олмазор, Шайхонтоҳур, Мирзо Улуғбек ва Яккасаройи пойтахт ҷойгиранд, бо гармии доимӣ таъмин карда мешаванд. Аз онҳо 1 ҳазору 400 адад хонаҳои истиқоматии аҳолӣ буда, қисми боқимонда объектҳои соҳаи иҷтимоӣ мебошанд. Инчунин, ба 292 ҳазор хонавода бо неруи барқ ба таври устувор таъмин мегарданд.
Баробари ба кор шурӯъ кардани лоиҳа хароҷот барои истеҳсоли энергияи гармӣ 40–45 фоиз коҳиш меёбад. Ҳаҷми партовҳои моддаҳои ифлоскунандае, ки ба атмосфера хориҷ мешаванд, ба таври назаррас кам гардида, обҳои партов аз байн меравад.
Дар ҳамин ҷо Президент бо корҳое, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон амалӣ гардидаанд, пешниҳодҳо оид ба рушди марказҳои гармидиҳӣ, навсозии Неругоҳи барқи гармидиҳии Тошканд, такмил додани корҳои ободонӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии тақсимоти қувва ва воситаҳое, ки дар шароити сардиҳои ғайримуқаррарӣ ҷалб мешаванд, шинос гардид.
Дар пойтахт 11 ҳазору 630 бинои бисёрошёна мавҷуд аст. Ба онҳо 358 ширкати идоракунии сервисӣ хидмат мерасонанд. Сарвари давлат ба сатҳи омодагии онҳо ба мавсим таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
– Дар шароити шаҳр фаъолияти ширкатҳои идоракунии сервисӣ бо ҳаёти аҳолӣ вобастагии узвӣ дорад. Аз ин рӯ, онҳо бояд чун механизми соат дақиқ ва бефосила кор кунанд. Барои ин шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Акнун ҷаҳонбинӣ ва муносибати кормандони соҳа низ бояд тағйир ёбад. Аз аҳволи аҳолӣ хабар гирифта, бояд қисми таҳхона ва боми биноҳои бисёрошёна, роҳрав ва майдончаҳои бозӣ бо тартиб нигоҳ дошта шаванд, – гуфт Президент.
Инчунин, ба масъулони шабакаҳои энергетика, ободонӣ, сохтмон ва хидматрасонӣ супориш дода шуд, ки дар тӯли мавсим бонизом ва ҳамоҳанг фаъолият намоянд.