Вазифаҳои афзалиятноки рушди маҷмӯии шаҳри Тошканд муайян гардиданд

  • Вазифаҳои афзалиятноки рушди маҷмӯии шаҳри Тошканд муайян гардиданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки рушди маҷмӯии шаҳри Тошканд муайян гардиданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки рушди маҷмӯии шаҳри Тошканд муайян гардиданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки рушди маҷмӯии шаҳри Тошканд муайян гардиданд

16 декабр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Тошканд, беҳсозии муҳити шаҳр ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зист ҷамъомад баргузор гардид.

Нахуст, корҳои дар пойтахт анҷомёфта сарҳисоб шуданд. Таъкид гардид, ки солҳои охир дар шаҳр дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайвастаанд.

Дар нӯҳ соли гузашта ба иқтисодиёти шаҳри Тошканд беш аз 20 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардида, қариб 5 ҳазор лоиҳаи бузург ба фаъолият шурӯъ кард. Сармояи мустақими хориҷӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 71 доллар дар соли 2017 то 2,2 ҳазор доллар афзуд.

Корҳои бунёдкорӣ, сохтмони иншооти нави савдо, хидматрасонӣ ва фароғатӣ ба рушди «иқтисодиёти шабона» мусоидат намуданд. Теъдоди иншооти савдо ва хидматрасонӣ, ки шабу рӯз кор мебаранд, аз 3 ҳазор зиёд гардид.

Ба Тошканд ҳазор дона электробус ва автобуси замонавӣ оварда шуда, 168 хатсайри нав ифтитоҳ гардид. 33 километр хати нави метро ва 21 истгоҳи нави иловагӣ сохта шуд. Барои тақрибан 1 миллион нафар аҳолии ноҳияҳои Яшнобод, Миробод, Сергелӣ, Янгиҳаёт ва Юнусобод хидматрасонии метро дастрастар гардид.

Дар маҷмӯъ, иқтисодиёти пойтахт дар нӯҳ соли охир 2,5 баробар афзуда, соли ҷорӣ ба 27 миллиард доллар хоҳад расид. Даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз 4,4 ҳазор доллар ба 8,6 ҳазор доллар афзудааст.

Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 7,3 фоиз дар аввали сол то 1 фоиз, сатҳи бекорӣ бошад, аз 4,5 фоиз то 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Яъне, сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар шаҳри Тошканд ба меъёри табиӣ мерасад.

Аҳолии доимии шаҳри Тошканд ҳар сол ба ҳисоби миёна 100 ҳазор нафар афзуда, дар соли 2030 аз 3,5 миллион нафар зиёд гардидани ин теъдод дар назар аст. Инчунин, ба 52 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулоти минтақавии умумӣ, қариб ду баробар зиёд намудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳокими шаҳр ва муовинони ӯ, ҳокимони 12 ноҳия бояд пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд ва фонди манзил, инфрасохтори нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва хидматрасониро дар асоси андозаҳои мегаполисҳои муосири ҷаҳон бозбинӣ намоянд.

Бинобар ин, пешниҳод оид ба ҳамчун мушовирони ҳоким ҷалб кардани мутахассисоне, ки дар чунин мегаполисҳо таҷрибаи роҳбарӣ доранд, пазируфта шуд. Бо истифода аз таҷрибаи бисёрсолаи онҳо, ба маркази молия, технологияҳои пешрафта, фарҳанг ва сайёҳӣ табдил додани шаҳри Тошканд таъкид гардид.

Сарвари давлат гуфт, ки ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва ташаббусҳои навро пешбарӣ намуд.

– Пеш аз ҳама, масъулони шаҳр бояд корбарии худро дар масъалаҳои экология, офаридани ҷойҳои кории сердаромад ва идоракунии босифат, ки аҳолии шаҳрро нигарон мекунанд, тағйир диҳанд.

– Соли 2026 барои шаҳри Тошканд «Соли рушди босуръат ва афзоиши даромади аҳолӣ» хоҳад буд. Барои татбиқи ин ғоя барномаи бузург амалӣ мегардад, — гуфт Президент.

Ноҳияҳои пойтахт дар се самти асосӣ рушд ёфта, ҳадаф гузошта шуд, ки дар соли 2026  9 миллиард доллар ва дар ду сол 20 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Бахусус, ноҳияҳои Сергелӣ, Янгиҳаёт ва Бектемир «нуқтаҳои рушд»-и соҳаҳои саноати баландтехнологӣ ва логистика хоҳанд шуд. Аз ҷумла, соли оянда дар Сергелӣ дар масоҳати 120 ҳазор метри мураббаъ агрологистика ва анборхонаи муосир бо арзиши 70 миллион доллар ба истифода дода мешавад.

Дар минтақаи саноатии «Янги авлод»-и Янгиҳаёт лоиҳаҳо дар соҳаҳои электротехника, нассоҷӣ, автомобилсозӣ ва хӯрокворӣ ба маблағи 2 миллиард доллар амалӣ мегарданд. Ин минтақаи саноатӣ аз ҳисоби 640 гектар замини Янгиҳаёт ва Бектемир васеъ карда мешавад. Супориш дода шуд, ки аз ин ҳисоб лоиҳаҳои нави мутобиқ ба талаботи экологӣ ва баландтехнологӣ ба маблағи умумии 3 миллиард доллар оғоз шаванд.

Дар ноҳияҳои Учтепа, Чилонзор, Яккасарой, Шайхонтаҳур ва Олмазор хидматрасонӣ, иқтисодиёти эҷодӣ, ороишӣ ва сайёҳӣ ба самтҳои асосии ҷалби сармоя табдил меёбанд.

Дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбек, Юнусобод, Миробод ва Яшнобод бошад, дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, стартап, финтех, молия, тандурустӣ ва таълим лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиард доллар татбиқ мегарданд.

Соли ҷорӣ 26 кӯчаи пойтахт ба тартиби кори шабонарӯзӣ гузаронда шуд. Аз ҳисоби дар онҳо ҷойгир намудани 1200 объекти савдову хидматрасонӣ 5000 нафар даромад ба даст оварданд. Соли оянда боз 18 чунин кӯчаро ба вуҷуд овардан чун вазифа гузошта шуд. Ҳоли ҳозир барои пойтахт сохтани 75 мактаб ва ҳамин қадар кӯдакистон, инчунин 23 иншооти варзишӣ талаб карда мешавад.

Муайян карда шуд, ки ҳокимони ноҳияҳо ҳар сол аз ҳисоби маблағи ҷалбнамудаи худашон аз ҳар намуди объект – мактаб, кӯдакистон ва иншооти варзишӣ яктоӣ бунёд мекунанд. Боз 15-тоӣ мактаб ва кӯдакистон ва инчунин 11-тоӣ иншооти варзишӣ ҳар сол дар доираи барномаи сармоягузорӣ бунёд хоҳад гардид.

Аз соли ҷорӣ дар ҳар як ноҳияи Тошканд дар пойгоҳи як мактаб татбиқи барномаи такмили сифати таълим оғоз гаштааст. Дар доираи он 1,5 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 7-11 интихоб гардидаанд, ки онҳо бинобар самтҳои IT, тиббиёт, тиҷорат ва муҳандисӣ таълим мегиранд. Вобаста аз давомоти хонандагон ба муаллимон музди моҳона то 20 миллион сӯм пардохта мешавад.

Вазифа гузошта шудааст, ки таҷрибаи мазкур вусъат дода шуда, миқдори чунин мактабҳо соли оянда то 24 ва то соли 2027 то 33-то афзуда мешавад.

Чуноне ки дар бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон роиҷ аст, дар пойтахт маркази ягонаи идораи низоми нақлиёт ба вуҷуд оварда мешавад. Он амвоҷи нақлиёт ва пиёдагардҳоро дар ҳар як кӯча ва чорроҳа бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳлил менамояд, тирбанд ва ҳодисаҳои роҳу нақлиётро бартараф месозад.

Соли оянда ду нуқтаи назоративу гузаргоҳии даромадгоҳи шаҳр ба ҳошияи пойтахт кучонда мешавад, боз сетояш таъмир мегардад. Дар инҷо ҳадди аққал барои 3,5 ҳазор мошини боркаш ва 5,5 ҳазор мошини сабукрав истгоҳ ва инчунин барои аҳолӣ кемпингҳо бунёд мегарданд.

Аз ҳама муҳимаш, ин нуқтаҳо бо шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ пайванд карда мешаванд, ки барои меҳмонони  шаҳр гузоштани автомибилҳои худ дар беруни пойтахт ва дар Тошканд тез ва бехатар ҳаракат кардан имконият фароҳам меорад.

Ба ҳокимияти шаҳр соли оянда ба амал татбиқ намудани 100 чорроҳаи «оқил»  бо маркази ягонаи идораи чароғакҳо, якҷоя бо соҳибкорон ба вуҷуд овардани истгоҳ барои 30 ҳазор мошин, таъмири 300 истгоҳ, идома додани 40 километр роҳи пиёдагард ва 20 километр роҳи велосипед, тармими 100 километр роҳ ва инчунин сохтмони путепровод ва нақб дар ноҳияҳои Юнусобод ва Яшнобод супориш дода шуд. Ғайр аз ин вазифаи хариди 200 электробус гузошта шуд.

Аҳамияти масъалаҳои экологӣ дар пойтахт, мисли бузургшаҳрҳои ҷаҳон, афзун мегардад.

Вазифаи омода намудани лоиҳа ва шурӯи сохтмони кулҳои сунъӣ ва ҳавзҳо дар чор минтақаи шаҳр супурда шуд. То 1 июн дар ҳар як ноҳия сетоӣ кӯчаҳои сояи сайркунӣ ба тӯли 5 километр ба вуҷуд оварда мешавад. Барномаи алоҳида оид ба бунёди яктоӣ боғ ба ҳар як даҳ маҳалла роҳандозӣ мегардад.

Соли 2026 мустаҳкам намудани 18,5 километр соҳилҳои каналҳо бо ба вуҷуд овардани минтақаҳои сабз ва фазои сайругашт ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин аз ҳисоби мустаҳкам намудани қитъаи 16 километрии дарёи Чирчиқ, ки аз тариқи ноҳияҳои Бектемир, Сергелӣ ва Янгиҳаёт мегузарад, барилова 800 гектар ҳудуд аз худ карда мешавад. Дар ин майдон ба вуҷуд овардани 200 гектар «камарбанди сабз», 250 гектар роҳҳои дохилӣ, қитъаҳои сайругашт, қадамзанӣ ва роҳҳои велосипедронӣ пешбинӣ мегардад.

Нақшаи низоми обравии шаҳр таҳия гардида, бинобар он сохтмон аз соли оянда шурӯъ мегардад. Дар доираи барнома сохтмони 150 километр шабакаи пушидаи обравӣ, таъмири 197 километр канал ва коллекторҳо, ба вуҷуд овардани 63 километр каналҳои нав барои фароҳам овардани иқлими ҳарчи хунуктари шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

17 иншоот барои ҷамъоварии оби борон сохта хоҳанд шуд, ки барои обёрии дарахтон ва қитъаҳои сабз ба нақша гирифта шудааст.

Тамоми хидматҳои коммуналӣ ва идораҳои таъҷилии пойтахт ба тартиби шабонарӯзии кор ба хотири огоҳии вазъиятҳои садаманок, зуд бартараф намудани онҳо ва пурзӯр кардани чораҳо доир ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мегузаранд.

– Пойтахт маркази сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании давлат ба шумор меравад. Бархурд барои идораи он, рушд ва ҳимоя махсус бояд бошад, – таъкид кард Президент.

Бинобар ин пешниҳод гардид, ки ба Шӯрои шаҳри Тошканд ваколати равон намудани 20 фоизи даромади иҷрои барзиёд, ки ба бюҷети маҳаллӣ бармегардад, барои дар байни ноҳияҳо тақсим намудан ва ҳамчунин ба ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо дар ҳамоҳанг намудан бо шӯроҳои маҳаллӣ иҷозати ҷойгир намудани маблағҳои озод ба депозитҳо дода шавад.

Ногузирии қабули қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъкид шуд, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти шаҳри Тошкандро муайян менамояд.

Таъкид ёфт, ки пойтахт дар баланд бардоштани самаранокии кори «ҳафтгонаи маҳалла» пешво гардад. Аз соли 2026 дар Тошканд низоми нав – «ҳафтгонаи маҳалла» пурра ба тасарруфи ҳокимияти шаҳр мегузарад.

– «Ҳафтгона» на бо ҳисобот, балки бояд бо воқеан сабук намудани ҳаёти одамон машғул гардад, – таъкид кард Президенти мамлакатамон.

Дар ҷараёни ҷамъомад ҳисоботи ҳокимони пойтахт ва ноҳияҳо шунида шуда, муколама бо соҳибкорон ба вуқуъ пайваст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: