Дар Ӯзбекистони азизи мо солҳои охир бо ташаббуси Президент лоиҳаи бузургмиқёси умумимиллии «Макони сабз» татбиқ мегардад, ки мақсад аз он тавассути нишондану парвариш кардани дарахтони мевадеҳу сояафкан ба ҳудуди воқеан сарсабзу хуррам табдил додани шаҳру деҳот, кӯчаву хиёбону майдонҳо ва беҳтар кардани вазъи экологии мамлакат аст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ, ки асосан охири тирамоҳ ва аввали баҳор сурат мегирад, дар муассисаҳои таълимӣ низ идома дорад.
Аз ҷумла, дар ҳудуди қариб 2 гектар қитъаи замини ноободи мактаби мо низ «Макони сабз» бунёд карда шуд.
Дар ин кори хайру пурсавоб, ки заҳмати зиёдеро тақозо дошт, бо дастгирии сарвари шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Тоҷиддин Ӯзбеков тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб гардиданд. Тӯли чаҳор рӯзи охир тақрибан аз тамоми мактабу муассисаҳои томактабии ноҳия мудирони хоҷагӣ ва кормандони онҳо омада, замини аз беобӣ сахту шӯразорро аз хору хасу хошок тоза ва нарму ҳамвор карданд. Ҷойҳое, ки бояд ниҳол шинонида шавад, кофтаву нарм карда шуданд. Идораи хоҷагии ҷангали ноҳия зиёда аз ҳазор бех ниҳоли анор ва шафтолу расонда дод.
Алҳол майдони васеи шафати варзишгоҳи мактаб, ки солҳо нообод буд, обод шуд. Дар ҳамин ҷо барои сад нафар ҷойи нишаст омода гардида, ба иштирокдорони ҳашар оши палав низ пешкаш гардид. Суруду оҳангҳо ба ҳашариён завқ бахшиданд. Ҷонишини ҳокими ноҳия Акрам Шукуров, сарвари шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Тоҷиддин Ӯзбеков дар бораи лоиҳа, мақсади баргузории он сухан гуфта, аз иштирокдорони ҳашар – раҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони хоҷагӣ хоҳиш карданд, ки ба тарзи дуруст нишондани ниҳолҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.
– Дарахт шинонидану сабз кардани он аз ҷумлаи корҳои савоб аст, кори савобро бошад, ҳар кас бояд ҳар рӯз бикунад, – гуфт ҷонишини ҳоким.
Аз ҷониби Агентии ҷавонони ноҳия ба аксар иштирокдорони ҳашар камзулҳои махсуси сабз дода шуд ва пасон ҳама сарҷамъона ба ниҳолшинонӣ оғоз карданд. Дар муддати кӯтоҳ қариб ҳазор адад ниҳоли анору шафтолу шинонида шуд. Қарор гардид, ки аз хоҷагии оби ноҳия барои аз чоҳи артезиании мактаб бо усули қатрагӣ обёрӣ кардани боғи навбунёд иҷозат гирифта, онро дар зудтарин фурсат амалӣ мекунанд.
Банда ҳамчун сарвари таълимгоҳ аз номи худ ва аҳли ҷамоаамон ба ҳамаи раҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар бунёди боғи нави мактаб дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» саҳм гирифтанд, самимона миннатдорӣ изҳор мекунам.
Т. ҲАСРАТОВ,
директори мактаби ҳамагонии рақами 83-юми ноҳияи Сариосиё.