Нусхаи англисии китоби "Ӯзбекистони Нав: роҳи Шавкат Мирзиёев" муаррифӣ гардид

  • Нусхаи англисии китоби
  • Нусхаи англисии китоби
  • Нусхаи англисии китоби
  • Нусхаи англисии китоби

Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ ба маросими муаррифии нусхаи англисии китоби "Ӯзбекистони нав: роҳи Шавкат Мирзиёев" мизбонӣ намуд. Муаллифи он сиёсатшиноси машҳур, сенатор ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилло Рафиқов мебошад.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, доираҳои илмӣ ва журналистон иштирок карданд. Дар маросими муаррифӣ тамаркузи асосӣ ба ислоҳот ва тағйироти бузургмиқёс дода шуд, ки дар кишварамон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ шудаанд ва дар ин китоб инъикос ёфтаанд.

 Муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлис, Ректори донишгоҳи мизбон Содиқ Сафоев гуфт, ки дар китоб таҳлили ҳамаҷонибаи самти рушди стратегии кишвар пешниҳод карда шудааст. Инчунин тағйироти амиқ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври возеҳ дар саҳифаҳои он нишон дода шудаанд.

– "Ӯзбекистони Нав: роҳи Шавкат Мирзиёев" як асари бунёдӣ аст, ки тағйироти кишварро муфассал шарҳ медиҳад. Ин китоб барои хонандагони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳадаф, моҳияти ислоҳот ва дастовардҳои ислоҳоти дар кишвар татбиқшавандаро амиқтар дарк кунанд, – изҳор намуд Содиқ Сафоев

Вай афзуд, ки дар китоб ба либерализатсияи иқтисодӣ, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тақвияти нақши Ӯзбекистон ҳамчун иштирокчии фаъол дар равандҳои байналмилалӣ равона карда шудааст. Нусхаи англисии нашрия аллакай таваҷҷӯҳи васеи байналмилалиро низ ба худ ҷалб кардааст.

Дар идома муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев, сардабири рӯзномаи “Ишонч” сенатор Ҳусан Эрматов, доктори улуми фалсафа Моҳинура Мирҳамидова ва сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғӯизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин доир ба муҳтавои китоби "Ӯзбекистони нав: Роҳи Шавкат Мирзиёев" фикру андешаҳои худро баён карданд. Гуфта шуд, ки ин чорабинӣ ва тадобири қаблан баргузоршуда дар байни коршиносон, сиёсатмадорон ва дипломатҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи зиёдро ба бор оварданд ва ба маъруфияти эътибори Ӯзбекистони Нав дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат карданд.

 Маросимҳои муаррифии китоб дар Вашингтон, Колумбия, дар бинои Конгресси ИМА ва инчунин дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк низ бо истиқболи баланд баргузор шудааст.

Гуласал ШОКИРОВА,

корманди Донишгоҳи дипломатия ва иқтисоди ҷаҳонӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: