Оё решакан кардани камбизоатӣ имконпазир аст?

Дар Ӯзбекистони Нав ислоҳоти васеъмиқёс ҷараён дошта, коҳиши камбизоатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Натиҷаҳо низ умедбахшанд: сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тайи солҳои охир аз 35 то 6 фоиз коҳиш ёфта, самаранокии сиёсати татбиқшавандаи Президенти мамлакатро ба таври возеҳ инъикос менамояд.

 

Ҳоло масъалаи коҳиши камбизоатӣ ба яке аз самтҳои калидии ислоҳоти кишвари соҳибистиқлоли мо табдил ёфта, ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Бар асоси ҳадафгузориҳои стратегӣ пешбинӣ мегардад, ки ин мушкил то соли 2030 ба таври комил ҳал гардида, зиндагии шоиставу шукуфони аҳолӣ дар саросари кишвар таъмин карда шавад. Зеро таҳти раҳнамоии Сарвари давлат тамоми саъю талошҳо ба фароҳам овардани шароити созгору муносиб барои ҳар як шаҳрванди мамлакат равона шудаанд.

Дарвоқеъ, Президент Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Форуми III байналмилалии «Аз камбизоатӣ – ба сӯи шукуфоӣ», ки 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Намангон баргузор гардид, таъкид намуд:

«Ба шарофати ислоҳоти пайваста 7,5 миллион нафар аз камбизоатӣ раҳоӣ ёфтанд. Омили муҳими ин дастовард афзоиши дукаратаи иқтисоди кишвар дар солҳои охир мебошад. Интизор меравад, ки то поёни соли ҷорӣ даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 3,5 ҳазор доллар мерасад. Бо озмоиши ташаббусҳои нав, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва татбиқи роҳҳои самаранок, модели нави Ӯзбекистон барои коҳиши камбизоатӣ ташаккул ёфт».

Маҳз татбиқи ин модел имкон фароҳам овард, ки хонаводаҳои камбизоат ва ниёзманд тадриҷан ба қишри аҳолии дорои сатҳи зиндагии миёна ворид шаванд. Имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар ин самт қобили қабул арзёбӣ мекунанд. Зеро кишварҳое, ки сатҳи камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш додаанд, хеле каманд. Ин эътироф натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат мебошад.

Тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл, то 1 ноябри соли 2025 ҷамъ 1 миллиону 540 ҳазор оила мавриди пурсиш қарор гирифта, аз онҳо 717 ҳазор оила (тақрибан 3 миллион нафар) ба «Феҳристи оилаҳои камбизоат» шомил шудаанд. Дар моҳҳои январ-ноябр ба 463 ҳазор оила ё қариб 2,01 миллион нафар дар асоси «нақшаҳои инфиродӣ», ки барои раҳоӣ аз камбизоатӣ нигаронда шудаанд, 791 ҳазор корҳои хидматрасонӣ сурат гирифтааст.

– Аз ин шумора 323 ҳазор нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд, 124 ҳазор нафар аз кредит ва субсидияҳо баҳраманд гардиданд, 296 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуданд ва 48 ҳазор нафар дар курсҳои омӯзиши касбӣ соҳиби ихтисос гаштанд, – гуфт котиби матбуоти вазорат Гулноза Алимова.

Ба гуфтаи ӯ, дар моҳҳои январ–октябр 311 ҳазор оилаи камбизоат, дар  умум 1,3 миллион нафар бинобар беҳтар гардидани даромади расмӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз феҳрасти камбизоатӣ хориҷ карда шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи тадбирҳои «хонаводагӣ» даромади чунин оилаҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, шумораи оилаҳое, ки  даромади расмӣ надоранд, 131 ҳазор нафар кам шуда, айни ҳол 102 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

– Саҳми оилаҳое, ки ба феҳристи камбизоатон дохил шудаанд, аз 43 фоиз то 23 фоиз коҳиш ёфт, – афзуд Г. Алимова. – Ин нишондиҳанда далели равшани самаранокии тадбирҳои андешидашуда мебошад.

Бояд гуфт, ки татбиқи чунин барномаҳо бидуни маблағгузории кофӣ ғайриимкон аст. Бо ҳамин мақсад, дар доираи барномаи коҳиши камбизоатӣ барои 1024 маҳаллаи дорои тоифаи «душвор» аз буҷети ҷумҳурӣ 3,2 триллион сӯм ҷудо гардидааст, ки он асосан ба беҳтарсозии инфрасохтор равона шудааст. Назорати истифодаи самараноки ин маблағҳо ба зиммаи Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл вогузор гардидааст.

Яке аз омилҳои муҳими коҳиши камбизоатӣ сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои обёрӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи барнома ба маблағи 1 триллиону 394 миллиард сӯм 450 насоси обёрӣ, 862 чоҳи амудӣ ва 2629 километр шабакаи обёрӣ сохта ё навсозӣ шуданд. Дар натиҷа, дар 77,5 ҳазор гектар замини кишоварзӣ, ки ба 467 ҳазор хоҷагӣ (2,3 миллион нафар) тааллуқ доранд, имконияти  обёрӣ фароҳам гардиданд.

Ногуфта намонад, ки шабакаҳои обёрӣ бидуни таъминоти устувори барқ фаъол буда наметавонанд. Аз ин рӯ, айни замон лоиҳае мавриди татбиқ қарор дорад, ки маҳз ба таъмини устувории барқ ихтисос ёфтааст.

Тибқи маълумоти котиби матбуоти вазорат, барои лоиҳаҳои вобаста ба таъминоти барқ дар ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дигар вилоятҳои кишвар 928 миллиард сӯм ҷудо гардидааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо то имрӯз 1745 трансформатор, 129 ҳазор сутуни такягоҳ ва 4533 километр шабакаҳои барқ бунёду азнавсозӣ шудаанд. Дар натиҷа, 790 ҳазор хонавода, дар маҷмӯъ 3,7 миллион нафар аҳолӣ бо барқи устувор таъмин гардиданд.

Барои бархе аз қишрҳои аҳолӣ, ки пас аз давраи тӯлонии бекорӣ рӯ ба фаъолияти соҳибкорӣ овардаанд, субсидия ва имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, аз онҳо масъулияти баланд талаб карда мешавад, то маблағҳои ҷудошуда самара диҳанд. Тибқи қоидаҳои нав, ҳар як субсидия бо нишондиҳандаҳои дақиқи мақсаднок дода шуда, тавассути платформаи subsidiya.mf.uz назорат карда мешавад.

Илова бар ин, самаранокии истифодаи маблағҳо дар асоси ҳисоботи молиявӣ, маълумоти андоз ва меъёрҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад. Дар сурати ноил нагардидан ба натиҷаҳои пешбинишуда, истифодаи нодурусти маблағҳо ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, маблағи субсидия бозпас ситонида мешавад. Ин раванд ва рӯйхати соҳибкороне, ки маблағҳоро баргардонидаанд, аз ҷониби 17 вазорату идораи ҷумҳурӣ таҳлил гардида, натиҷаҳои он ошкоро ба ҷомеа пешниҳод мегардад.

Раҳоӣ аз камбизоатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо роҳу усулҳои гуногун амалӣ мешавад. Масалан, дар маҳаллаҳои шаҳри Қӯқанд қисми муайяни аҳолӣ аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳисоби рушди чорводорӣ даромади хуб ба даст меоранд. Хусусан, дар маҳаллаи «Тошкентлик гузар» ба туфайли фаъолияти самараноки ҳокими шаҳр Маъруфҷон Усмонов пайдо кардани сокини бекор қариб ғайриимкон гардидааст.

– Ин кор ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар шаҳри Қӯқанд корхонаҳои зиёд  фаъолият доранд, ки ҳазорҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, дар коҳиши камбизоатӣ нақши муҳим мебозанд. Айни замон таъсиси чанд корхонаи муштарак низ дар арафаи анҷомёбист. Бо вуҷуди ин, барои дар ояндаи наздик пурра бартараф намудани бекорӣ моро зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо истифода барем. Зеро маҳз бекорӣ сарчашмаи асосии камбизоатист, – мегӯяд котиби матбуоти ҳокими шаҳри Қӯқанд Улуғбек Норбоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тадбирҳо ҷиҳати ба кишвар бозгардонидан ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, як қатор чорабиниҳо амалӣ мешаванд. Таъмини шуғли ин қишри аҳолӣ дар маҳаллаҳои шаҳр бо суръат идома дорад.

Воқеъан, як гурӯҳ шаҳрвандон мустақилона барои худ ҷойи кор фароҳам оварда, манбаи даромад пайдо кардаанд. Омӯзгорон (репетиторҳо), тарҷумонҳо, парасторон, сантехникҳо, устоҳои барқ, сартарошон, хаткашонҳо, мошиншӯйҳо, ҳунармандон, дӯзандагон, барномасозон ва намояндагони як қатор касбҳои дигар аз ин ҷумлаанд, ки ба таври мустақил фаъолият мебаранд.

– Барои ин гурӯҳ Қарори Президент аз 8 июни соли 2020 «Дар бораи чораҳои соддагардонии танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва худмашғулият» заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Фаъолияти онҳо мутобиқи «Низом дар бораи тартиби анҷом додани фаъолият ҳамчун шахсони мустақилона коркунанда» танзим карда мешавад, – иброз дошт коршиноси мустақили масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ Додоҷон Ортиқов.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо баъд аз истиқлолияти давлатӣ барои бидуни монеа фаъолияти озодона намудани  соҳибони чунин касбу кор шароити мусоид муҳайё гардид.

Қобили зикр аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва дигар вилоятҳои мамлакат сол ба сол коҳиш меёбад. Аз ҷумла, дар вилояти Фарғона аввали соли ҷорӣ сатҳи камбизоатӣ 8,6 фоизро ташкил медод ва ҳоло он тақрибан ба 6 фоиз коҳиш ёфт. Интизор меравад, ки дар соли оянда ин нишондиҳанда то ҳудуди 4,5 фоиз поён равад.

Дар ин замина ба суханони Сарвари давлат дар Форуми сеюми байналмилалии Намангон рӯ меорем, ки таъкид намуданд: «…фаро гирифтани 1 миллион нафар камбизоатон бо чунин барномаҳо, аз ҷумла “Мақомоти шуғл – шарикони корфармоён”, “Имкониятҳои баробар – шуғли фарогир”, “Ба сӯи ояндаи устувор”, “20 бренди маҳаллӣ”, “Як контур – як маҳсулот”, “Рушди соҳибкорӣ дар маҳалла”, “Беҳтар кардани таъминоти об дар заминҳои иҷора ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ”, “Таъмири боғҳои кӯҳна”, “1 ҳазор гектар боғҳои мевадор” ва “Кооперативҳои содиротӣ” ба нақша гирифта шудааст».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мақомоти масъул вазифадоранд то масъалаҳои зикршударо ҳадафмандона ҳал намуда, самаранокии тадбирҳои амалиро мутобиқ ба ниёзҳои аҳолӣ баланд бардоранд ва иҷрои вазифаҳои марбут ба коҳиши камбизоатиро бо масъулияти баланд таъмин намоянд.

– Дар ин замина, мақомоти вилоятӣ ва шаҳрӣ тибқи супоришҳои Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли ҷумҳурӣ, ки аз дастурҳои Роҳбари давлат маншаъ мегиранд, маълумот дар бораи ҷойҳои холии корро дар корхона ва ташкилотҳо мунтазам эълон менамоянд. Ёварони ҳокимони маҳаллӣ низ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаҳои коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли шаҳру ноҳияҳо фаъолона кор мебаранд, – мегӯяд Гулноза Алимова.

Бешак, дар Ӯзбекистони Нав ислоҳоти васеъмиқёс ҷараён дошта, коҳиши камбизоатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Натиҷаҳо низ умедбахшанд: сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тайи солҳои охир аз 35 то 6 фоиз коҳиш ёфта, самаранокии сиёсати татбиқшавандаи Президенти мамлакатро ба таври возеҳ инъикос менамояд.

Ҳамзамон, бонкҳо низ дар самти пешниҳоди кредитҳои имтиёзнок ба оилаҳои камбизоат фаъолияти худро густариш додаанд. Аз ҷумла, ҳар сол 200 миллион доллари ИМА дар шакли субсидияҳои ипотекӣ барои аҳолии камбизоат ва эҳтиёҷманд ҷудо карда мешавад, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҳазорон оила мусоидат менамояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: