Таҷлили рӯзи кормандони хоҷагии деҳот

Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ, ки ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи декабр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар вилояти Сурхондарё чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов иштирок намуда, намояндагони соҳаи аграриро бо иди касбиашон самимона табрик гуфт ва саҳми арзандаи онҳоро дар рушди иқтисодиёти минтақа ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ алоҳида таъкид намуд.

Қайд гардид, ки дар соли ҷорӣ ба шарофати меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ дар вилоят 820,7 ҳазор тонна ғалла, 291,1 ҳазор тонна пахта, 2,3 ҳазор тонна пилла, 2 миллиону 311 ҳазор тонна меваву сабзавот, 226,8 ҳазор тонна гӯшт, зиёда аз 1 миллион тонна шир ва 610,5 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст. Инчунин таъкид шуд, ки васеъ ҷорӣ гардидани равишҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ омили муҳими афзоиши ҳосилнокӣ гардид.

Дастовардҳо баҳои баланд гирифта, мутобиқи фармонҳои Президент 8 нафар деҳқон ва кишоварзи фидоии вилоят бо унвонҳои олии фахрӣ, ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ ба фермерон, деҳқонон ва соҳибони пешқадами қитъаҳои наздиҳавлӣ таҳти номинатсияҳои «Фермери пешқадам», «Деҳқони меҳнаткаш», «Соҳиби замини намунавӣ» нишони сарисинагии «Фидоии хоҷагии қишлоқ» ва «Аълочии хоҷагии об», инчунин ифтихорномаҳои ҳокими вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ ботантана супорида шуд.

Чорабинии идона бо барномаи консертии ҳунармандони шинохта, дар атрофи дасторхони пурнозу неъмат идома ёфт.

Сурайё Норманӣ,

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: