Муҳоҷирати меҳнатӣ: пайдоиш, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он

Тибқи маълумоти СММ дар ҷаҳон тақрибан 281 миллион муҳоҷири байналмилалӣ ҳастанд, ки 3,6 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Таърихи пайдоиши муҳоҷирати меҳнатӣ хеле қадимист, вале миқёси он дар марҳилаи кунунӣ ва нақши он дар таъминсозии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба таври бесобиқа афзудааст. Тибқи маълумоти СММ дар ҷаҳон тақрибан 281 миллион муҳоҷири байналмилалӣ ҳастанд, ки 3,6 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ – агар дуруст идора карда шавад, ҳам барои кишварҳои фиристанда ва ҳам қабулкунанда метавонад манбаи қавии фаровонӣ ва рушд бошад. Қайд мешавад, ки ҳаҷми пулфиристониҳо дар ҷаҳон ба 831 миллиард доллар расидааст. Ин миқдор аз ҳаҷми кӯмаки расмӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва ҳам аз сармоягузории мустақими хориҷӣ зиёдтар аст.

Дар Ӯзбекистон низ, бо такя ба маълумоти Бонки марказӣ, соли 2023 сармоягузории мустақими хориҷӣ 7,2 миллиард, пулфиристонӣ 11,4 миллиард долларро ташкил додаанд. Ин нишондиҳандаҳо нақши муҳоҷиратро дар дастгирии иқтисод ва беҳбуди некуаҳволии аҳолӣ равшантар мекунад.

Тибқи маълумоти Бонки марказӣ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 ҳаҷми пулфиристонӣ ба кишвар 12,6 миллиард долларро ташкил додааст. Маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар даҳ моҳи соли 2025 ба 15,8 миллиард доллар афзудааст. Ҳаҷми пулфиристонӣ аз Русия 35 фоиз афзуда, ба 9,8 миллиард доллар расидаанд. Аммо ҳиссаашон то 78 фоиз поин рафтааст, зеро пеш аз оғози низоъ дар Украина 90 фоиз буд.

Сабабҳои пайдоиши муҳоҷирати меҳнатӣ

Таҷрибаи кишварҳое, ки аз як низоми иқтисодӣ ба низоми дигар гузаштаанд, нишон медиҳад, ки дар чунин гузариш дар муносибатҳои истеҳсолӣ тағйироти амиқ ногузир аст ва ин раванд одатан бо душвориҳо ва талафот мегузарад. Муносибатҳои меҳнатӣ ба сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ доранд ва маҳз онҳо нисбати дигар соҳаҳо тағйироти гузаришро бештар эҳсос мекунанд.

Дар Ӯзбекистон низ ислоҳоти иқтисодӣ ба пайдоиши бекорӣ ҳамчун падидаи хоси иқтисодиёти бозорӣ сабаб гардид. Ҳазорон, балки миллионҳо нафар бекор монданд, манбаи даромадашон қатъ гардид. Низоми таълимии касбӣ низ ба талаботи қатъии иқтисоди бозорӣ ҳанӯз мутобиқ нашуда буд. Дар натиҷа байни пешниҳоди қувваи корӣ ва талаб ба он номувозинатӣ ба миён омад ва бо амиқтар шудани ислоҳот ин мушкилот бештар гардид. Барои онҳое, ки манбаи ягонаи даромади оила маош буд, ин вазъият фоҷиавӣ шуд ва маҷбур кард роҳҳои дигарро барои таъмин намудани зиндагӣ биҷӯянд.

Камии музди меҳнат ва зиёд будани шумораи аъзои оила, сиёсати “шуғли сунъӣ”, ки музди меҳнатро паст нигоҳ медошт, барҳам хӯрдани робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳо ва коҳиши фаъолияти корхонаҳои калон, вазъи душвори демографӣ ва афзоиши босуръати аҳолӣ, коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар давраи гузариш, тағйироти сохтории иқтисодиёт ва ғайра омилҳои асосии ин воқеъият шуданд.

Тибқи маълумот (ҳолати то декабри соли 2023) миқдори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, тақрибан 2 миллионро ташкил додааст, ки 1 452 300 нафари онҳо  мард (72,4 фоиз) ва 547 700 нафарашон зан (27,6 фоиз) мебошанд.

Мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ

Албатта, барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар осон нест. Баъзеи онҳо роҳи қонуниро пайдо накарда, ба миёнаравон муроҷиат мекунанд ва ин хавфи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ имконияти истисмор ва савдои одамро зиёд мекунад. Бисёр одамон дар кишварҳои қабулкунанда бо шароити вазнини кор, меҳнати маҷбурӣ, маҳдудияти ҳуқуқ, маҳдуд будани дастрасӣ ба хидматрасониҳои таълим ва тандурустӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба иттилооти Созмони байналмилалии меҳнат, бо вуҷуди талошҳо дар соли 2023 танҳо 38,4 ҳазор, яъне 16,5 фоизи муҳоҷирон аз шабакаҳои қонунии ҷойгиркунии кор истифода бурдаанд. Ҳолатҳои истисмор асосан дар Русия, Туркия, Қазоқистон, АМА қайд гардидаанд. Cоли 2023 дар ҷаҳон 8565 нафар муҳоҷирон ҳалок шудаанд. Дар мавриди Ӯзбекистон, бо таъкиди ниҳодҳои масъул, танҳо соли 2020 ҷасади зиёда аз 200 нафаре, ки дар хориҷ бинобар ҳодисаҳои нохуш фавтидаанд, ба ватан баргардонда шудаанд.

Воқеияти дигар:  монеаи забонӣ ва норасоии таҷрибаи касбӣ бисёр муҳоҷиронро ба соҳаҳои каммузд меафканад. Аз ин рӯ аксар муҳоҷирони мо дар соҳаи сохтмон ва дар шароити вазнин кор мекунанд.

Ба мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва такмил додани масоили ташкилӣ ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар 12 ноябри соли 2003 қарори Девони Вазирон қабул гардид, ки он ба Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ асос гузошт. Мувофиқи фармони Президент ба фаъолияти Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ хотима дода шуда, дар назди Девони Вазирон Агентии муҳоҷират таъсис гардид ва дар заминаи он Хазинаи муҳоҷират ташкил ёфт.

Имрӯз ҳам сиёсати давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, ки он солҳо зери фишори вазъияти шадид ва бо шитоб ташаккул ёфта буд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Пеш аз ҳама, он ба моҳият ва мазмуни стратегияи “Ӯзбекистони Нав” оид ба рушди иқтисоди миллӣ  мувофиқат намекунад. Дар тӯли беш аз 30 сол вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Имкониятҳои нави ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва шуғл пайдо шуданд, доираи натиҷаҳое, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст овардан мумкин аст, васеъ гардид.

Алҳол дар маркази ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ бахшҳои Агентии муҳоҷират таъсис ёфтаанд, аз ҷумла дар вилояти Навоӣ. Чун ин ниҳодҳо филиалҳои Агентии муҳоҷират дар назди Девони Вазирон мебошанд, вазифа ва ӯҳдадориҳои ин муассисаҳои давлатӣ мутобиқ ба мақсад ва вазифаҳои агентӣ рӯйи кор меоянд.

Ҳалли мушкилот дар мисоли вилояти Навоӣ

– Солҳои охир чун дар тамоми кишвар дар вилояти Навоӣ низ соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ бо суръат рушд карда, ба омили муҳими рушди иқтисодиёт ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ табдил меёбад. Дастгирии шаҳрвандоне, ки нияти кор дар хориҷ доранд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамоно аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат боқӣ мемонад. Бо мақсади дастгирии фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон як қатор имтиёзҳои иҷтимоӣ ва молиявӣ татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи ройгон фаро гирифта мешаванд. Метавонанд аз курсҳои ройгони касбу ҳунар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода баранд. Барои хароҷоти чиптаи роҳ, раводид (виза) ва сертификатҳо ҷуброн гиранд. Ҳамчунин, низоми микрокредитҳо то ба 10 миллион сӯм роҳандозӣ шудааст,– мегӯяд роҳбари филиали Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷи вилоят Исмат Болтаев.

Ба шаҳрвандони мо дар хориҷ аз давлат кӯмакҳои ҳуқуқиву тиббӣ, дастгирии моддӣ, инчунин ҷуброни бозгашт фароҳам оварда шудаанд.

Дар вилоят ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, бо ширкати швейтсарии “GLOBOGATE concpt AG” дар заминаи техникуми тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино кушодани бахши “Академияи тиббии Олмон” аз дастовардҳои муҳим хоҳад буд. Аз тариқи он ба 50 нафар донишҷӯ оид ба ҳамширагӣ таълим дода шуда, онҳо дар Олмон бо кор таъмин мегарданд.

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо ҳамин ширкат, шахсоне, ки дар самтҳои “ҳамширагӣ” ва “табобатӣ” маълумот ва дар ин соҳа на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ доранд, ба курсҳои ройгони 8-10 моҳаи омӯзиши забони олмонӣ ҷалб ва минбаъд барои кор ба Олмон фиристода мешаванд. Дар оянда мо ният дорем ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ боз ҳам густариш диҳем, имкониятҳои баромадан ба кишварҳои Аврупоро зиёд кунем, “Мактаби кафшергарон”-ро ташкил намоем ва ҳамкориро бо грантҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукумати тақвият бахшем, – мегӯяд Исмат Болтаев.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: