70 ФОИЗ «СКИДКА»: ОЁ РОСТ АСТ Ё ФИРЕБ?

Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо беихтиёр чашм ба эълону реклама, лавҳаю овезаҳое чун «50 фоиз тахфиф!», «Якто харед – дувумаш ройгон», «Бузургтарин аксияи сол», «Ҳамаш – 10000 сӯм», «Аксияи идона оғоз шуд!», «1+1=3», «Супер аксия» ва монанди ин меафтад. Бахусус, дар арафаи иду ҷашнвораҳо ва оғози фаслҳои сол теъдоди чунин эълону овезаҳои имтиёзу аксияҳо бамаротиб зиёд мешавад.

Инак, фасли зимистон – дар ҳар қадам рӯҳияи солинавӣ эҳсос мегардад. Ва аллакай аксар субъектҳои соҳибкорӣ – аз марказҳои бузурги савдо то мағозаҳои хурд ва ҳатто платформаҳои электронии тиҷоратӣ ҳам ба пешвози Соли нав арзониву аксияҳои гуногун эълон кардаанд. Чанд рӯз пеш дар назди як дӯкони либосворӣ чашмам ба навиштаҷоти «70 фоиз арзон!» афтод. Ба худ фикр кардам: агар соҳибкор молашро бо чунин нархи арзон – 70 фоиз «скидка» фурӯшад, пас чӣ хел фоида мегирад? Оё ин рост аст ё фиреб? Аслан эълони чунин тахфифу имтиёзҳои «дилписанду ҷолиб» тартибу меъёре дорад? Онҳоро кӣ назорат мекунад?

– Риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибатҳои соҳаи реклама аз ҷониби кумитаи мо назорат карда мешавад, – иброз дошт сарвари шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бахшҳои савдо, хӯроквории умумӣ ва сайёҳии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ Абдураҳмон Раупов. – Зимни ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар савдо мо ба талаботи қонунгузорӣ дар доираи қонунҳои «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал мекунем. Инчунин дар ин самт қарори Девони Вазирон аз 13 феврали соли 2003 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои савдои чакана дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва истеҳсолу фурӯши маҳсулот (хидматҳо)-и хӯроки умумӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон»  таҳти рақами 75 санади муҳим ба шумор меравад. Тӯли солҳо қоидаҳои савдои чакана ва истеҳсолу фурӯши маҳсулоти хӯроки умумӣ  чанд бор тағйиру такмил ёфт, вале то ҳанӯз тартибу меъёрҳои эълон кардани тахфифу гузаронидани аксияҳо мушаххас нагардида буд. Мафҳумҳои нархи тахфифӣ, аксияи ҳавасмандкунӣ ва амсоли ин дар қонунгузорӣ вуҷуд надошт. Аз 21 октябри соли равон бо қарори Девони Вазирон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ва беэътибор донистани баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба қоидаҳои савдои чакана як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Бори аввал мафҳумҳои «аксияи ҳавасмандкунӣ», «нархнома», «нархи тахфифӣ», «нарх то нархи тахфифӣ» ва моҳияти онҳо тавзеҳ ёфтанд ва тартибу тамоюлҳои эълон кардани онҳо муайян гардид.

Бино ба таъкиди А. Раупов, тибқи қоидаҳои нав, соҳибкор ҳангоми эълон кардани тахфиф бояд дар бораи миқдори мушаххаси маҳсулот, муддати идомаи аксия, нархи поинтарини мол дар 30 рӯзи охир ва нарх то тахфиф маълумоти пурра диҳад. Бояд гуфт, ки маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, молҳое, ки муҳлати нигоҳдории онҳо қариб анҷом ёфтааст, аз ин истисно аст. Яъне, дар ин ҳолат риоя накардани муҳлати 30-рӯза мумкин. Агар имтиёз барои шумораи маҳдуди мол ё маҳсулоти мавсимӣ амал кунад, вазифадор аст, ки истеъмолкунандагонро пешакӣ огоҳ намояд. Тахфиф ва бонусҳое, ки дар доираи аксия пешниҳод мегарданд, бояд бечунучаро иҷро шаванд.

Ғайр аз ин, дар асоси моддаи 21-уми Қонун «Дар бораи реклама» ҳангоми ташкили аксияҳои ҳавасмандкунӣ, то оғози маърака бояд шартҳои баргузории он дар воситаҳои ахбори оммавӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда шавад. Қоидаҳои баргузории аксия, ном ва тартибу манзили супоридани мукофоту ҷоизаҳо мушаххас гардад. Илова бар ин, ному суроғаи шахсе, ки реклама медиҳад, пешниҳоди маълумот дар бораи рақами мобилӣ, манзили почтаи электронии ӯ зарур аст.  Дар ин раванд тағйир додани шартҳои аксия ё нархро ба таври сунъӣ баланд бардошта, баъдан фиребкорона ҳамчун тахфиф пешниҳод намудани молу маҳсулот ба истеъмолкунандагон мумкин нест.

Таъкид гардид, ки дар қонунгузорӣ барои баъзе намуди молҳо, чун маҳсулоти спиртӣ, тамоку ва воситаҳои никотиндор, доруворӣ гузаронидани тахфиф ё аксияҳои ҳавасмандкунӣ мамнӯъ аст.

– Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои таблиғотӣ барои истеъмолкунандагон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад, – илова кард сармутахссиси шӯъбаи бозори реклама ва рушди бахшҳои креативии кумита Фарҳод Сулаймонов. – Ҳамзамон, ба пешрафти тиҷорати соҳибкорон ва даромади бештар гирифтани онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, кумита ҳамеша барои дастгирии чунин иқдом омода аст. Аммо дар ин самт ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки баъзе соҳибкорон дар пайи манфиати шахсӣ аксия ва тахфифҳои бардурӯғ эълон мекунанд. Масалан, танҳо дар соли ҷорӣ ба кумита беш аз 48 ҳазор муроҷиат шуд, ки қисми асосии онҳо бо пешниҳоди маълумоти нодуруст, гумроҳкунанда ё нопурра дар бораи тахфифу аксияҳо вобаста мебошанд. Мо маҳз бо мақсади назорати раванди чунин аксияҳо 697 маротиба чорабинии санҷишӣ гузарондем ва дар 256 ҳолат камбудиҳо ошкор гардиданд.

Масалан, шаҳрванд Т.Ш. дар аксияи «PUBG MOBILE: Bellissimo Pizza таклифлари», ки аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Bellissimo Pizza International» баргузор гардида буд, иштирок намудааст. Тибқи шартҳои аксия, ҷамъият бояд ба ӯ бозичаҳои коллексияи «PUBG MOBILE»-ро ҳамчун туҳфа пешниҳод мекард. Аммо аз иҷрои ин ӯҳдадорӣ худдорӣ намуд ва танҳо пас аз дахолати кумита масъала ҳал гардид. Дар мавриди дигар, шаҳрванд О.Ф. аз ҶММ «Тошкент авто марказ» автомошини тамғаи «ONIX» харидааст. Дар доираи аксияи ҷорӣ, ширкат уҳдадор буд, ки ба ӯ 8 миллион сӯм «кешбек» баргардонад. Аммо маблағро пардохт намекунад. Ҳоло аз ҷониби кумита тибқи Низоме, ки бо қарори Девони Вазирон таҳти рақами 225 тасдиқ шудааст, парванда боз гардида, тафтишот давом дорад.

Ф.Сулаймонов дар идома таъкид кард, ки чунин талабот, тартибот ва муқаррарот барои тамоми субъектҳои соҳибкорӣ, хоҳ мағоза бошаду хоҳ майдони савдои электронӣ, баробар аст.

– Солҳои охир дар мамлакат теъдоди платформаҳои электронӣ, ки чун субъекти соҳибкорӣ сабти ном гардида, фаъолият доранд, хеле афзуд, – таъкид кард масъул. – Агар чунин субъектҳои соҳибкорӣ ҳам меъёрҳои қонунгузориро вайрон кунанд, фаъолияти онҳо аз ҷониби комиссияи махсус омӯхта мешавад ва дар ҳолати ошкор гардидани қонуншиканӣ, санксияҳои қатъӣ, – ҷаримаҳои молиявӣ, чораҳои ҷавобгарӣ, қатъи фаъолияти реклама таъин мегардад. Масалан, агар меъёрҳои қонунгузориро дар самти реклама вайрон кунанд, вобаста ба ҳолат аз 30 то 100 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима таъин мегардад. Ҳангоми такрор шудани ҳолат, миқдори ҷарима ҳам меафзояд. Дар ҳамин асно бояд боз ба як нуктаи дигар диққат кард. Ҳоло аксар шаҳрвандон низ дар мессенҷерҳои гуногун, чун телеграм, инстаграм гурӯҳу каналҳои шахсӣ боз карда, «соҳибкорӣ» мекунанд, аксияҳо мегузаронанд. Шумораи шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби онҳо афтодаанд, низ кам нест. Ҳангоми ошкор шудани чунин ҳолат, мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ кор мебарем. «Соҳибкорон»-и фиребгар албатта муайян гардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ҷазо таъин мегардад. Аз ин рӯ, аз соҳибкорон даъват менамоем, то талаботи қонунгузориро вайрон накунанд. Аз ҳамватанон низ хоҳиш мекунем, ки агар дар чунин арзониҳои бардурӯғ ё аксияҳои сохта фиреб хӯранд ё шоҳиди ҳолатҳои ғайриқонунӣ шаванд, ба телефони боварии кумита – 1159 занг зананд. Бояд гуфт, ки барои тафтиш ва санҷиши чунин ҳолатҳо то ҳол меъёрҳои аниқ вуҷуд надошт. Акнун тартибот муқаррар гардид ва дар асоси он назорат ҳам пурзӯр хоҳад шуд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: