Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Ҷопон меравад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичӣ, рӯзҳои 18–20 декабр бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор хоҳад дошт.

Тибқи барномаи сафар, дар шаҳри Токио гузаронидани мулоқот ва музокараҳо бо Императори Ҷопон Нарухито, Сарвазир Санаэ Такаичӣ, роҳбарияти Парлумон, аъзои ҳукумат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ректорони донишгоҳҳои пешбари кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзнома масъалаҳои густариш ва рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон – Ҷопон ва ҳамкориҳои бисёрҷанба ҷойгиранд.

Дар доираи барномаи тиҷоратӣ гузаронидани вохӯрӣ ва чорабиниҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузург ва ниҳодҳои молиявии Ҷопон дар назар аст. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ муфассал баррасӣ хоҳанд шуд. Қабули маҷмӯи муҳими санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

Президенти Ӯзбекистон инчунин дар нахустин нишасти сарони давлатҳо дар чорчӯби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок хоҳад кард. Дар доираи чорабинӣ дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла «иқтисодиёти сабз» ва рушди устувор, таҳкими пайвастагии мутақобил ва шарикии минтақавӣ, инчунин рушди захираҳои инсонӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Дар анҷоми нишаст қабули Эъломияи Токио ба нақша гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: