Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати сарвазири Ҷопон Санаэ Такайчӣ 18 декабр барои сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.
Тибқи барномаи сафар, дар Токио баргузории як қатор мулоқот ва чорабиниҳои сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаҳои рушд ва густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистон – Ҷопон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд дошт.
Президенти Ӯзбекистон инчунин дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар чорчӯби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок хоҳад кард.