Ӯзбекистониён асосан кадом кишварҳоро барои таҳсил интихоб мекунанд?

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон дар 10 моҳи соли равон 26,4 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади таҳсил ба кишварҳои дигар рафтаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта ба 6,1 ҳазор нафар, яъне 18,9 фоиз афзудааст.

Теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ барои таҳсил боргоҳҳои таълими олии Русияро интихоб кардаанд – 5863 нафар.

Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин кишвар аст, ки ҳоло дар мактабҳои олии ин мамлакати бародар 5 ҳазору 761 донишҷӯ аз кишварамон таҳсил мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил интихоб кардаанд, баъди Русияву Тоҷикистон, Қирғизистон, Корея ва Туркия шомил шудаанд.

Қаблан, кумита хабар дода буд, ки бино ба ҳолати моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии Ӯзбекистон 1 ҳазору 145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ин теъдод, сеюмин гурӯҳи бузурги донишҷӯёни хориҷӣ дар мамлакатамон ба ҳисоб мерафт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: