Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанони муқими Ҷопон мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанони муқими Ҷопон мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанони муқими Ҷопон мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанони муқими Ҷопон мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳамватанони муқими Ҷопон мулоқот кард

Президент Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Токио омадааст, ҳамватанонамон, ки дар Ҷопон кор мекунанд, таҳсил мегиранд, бо самимият истиқбол намуданд.

Роҳбари давлат бо онҳо суҳбат анҷом дод.

Дар бораи ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, орзую умедҳои ҳамватанон, мақсад ва нақшаҳои онҳо суҳбати ошкоро ва самимӣ сурат гирифт.

Президент ба ҳамватанон дар кору таҳсил муваффақият орзу карда, изҳори итминон намуд, ки дониш ва таҷрибаи дар кишвари офтоббаро андӯхтаи онҳо ба рушди Ватан ва фаровонии халқи мо хидмат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: