Дар қасри «Баркамол авлод»-и шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои гуногун ҷамъбаст ва 135 нафар ғолибон муайян шуданд, ки намояндагони мактабҳои тоҷикӣ низ аз шоҳсуфаи фахрӣ ҷой гирифтанд.
Сардори садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилояти Самарқанд Музаффар Ҳамдамов ба ғолибони озмун мукофотпулӣ ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявиро супурд.
Хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 13-уми ноҳияи Нуробод Райҳона Нуруллоева ҷойи аввал, талабаи мактаби 43-юми ноҳияи Самарқанд Роҳила Валиева ҷойи дуюм ва хонандаи мактаби рақами 54-уми ноҳияи Самарқанд Зӯҳро Қурбонова ҷойи саввумро ишғол намуданд.
Рақобат дар байни талабагони синфи 10-ум низ диққату эътибори ҳозиронро ба худ кашид. Шоҳсуфаи баланд ба толибилми мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Самарқанд Рисқия Аҳтамова, ҷойи дуюм ба хонандаи мактаби рақами 65-уми ноҳияи Нуробод Нигина Абдумаҷидова ва ҷойи савум ба намояндаи мактаби рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд Шоҳидабону Амонова расид.
Қувваозмоӣ дар байни хонандагони синфи 11-ум низ пуршиддат анҷомид. Хатмкунандаи мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Самарқанд Райҳона Усмонова ба шоҳсуфаи баланд баромад. Аз шафати ӯ намояндаи мактаби рақами 120-уми ноҳияи Пастдарғам Азиза Абдуғаффорова ва мактаби рақами 30-юми ноҳияи Самарқанд Лайло Сироҷиддинова ҷой гирифтаанд.
Албатта, дар комёбиҳои назарраси шогирдон хизмати шоистаи устодони соҳибтаҷриба Саноат Аҳадова, Мушаррафа Ҳотамова, Шаҳноза Бозорова, Саодатбону Алиева, Гулшода Оқсоқолова, Гулбаҳор Хушвақтова,Зарнигор Ҷумъаева ва дигарон бузург аст.
– Ман хеле хушҳол ҳастам, ки якбора ду нафар шогирдонам соҳиби ҷоиза шуданд, – бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод омӯзгори мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Самарқанд Саноат Аҳадова, – таъкид кардан бамаврид аст, ки дар таҳсил ба натиҷаҳои матлуб ноил шудан, пеш аз ҳама, ба муаллимони забон ва адабиёти тоҷик, саъю кӯшиш, меҳнату риёзати мо вобаста аст. Зеро сабақи омӯзгор, ҳар як ҳаракат, оҳанги гуфтор, тарзи талаффуз, сурату сират ва ҷаҳонбинии ӯ ба шогирдон бетаъсир нахоҳад монд. Камина беш аз сӣ сол боз ба насли наврас таълиму тарбият медиҳам ва шояд аз ҳамин сабаб рӯҳияти толибилмон ва хоссатан аз усулҳои ба адабиёт, забони модарӣ бедор кардани меҳру муҳаббат огоҳ ҳастам.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд