Марҳилаи вилоятии озмуни донишомӯзон аз фанҳои таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ ба поён расид. Дар ин озмун толибилмони мактабҳои ноҳияи Нурато низ фаъолона иштирок намуданд.
Корманди шуъбаи таълими халқи ноҳия Икром Ҷӯраев бо мамнуният рӯихати ғолибони марҳилаи сеюми озмуни фанҳои асосиро пешниҳод намуд.
Дар озмуни вилоятӣ донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ низ хуб иштирок намуда, ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд.
Толибилмони синфи 9-ум Қурбонгул Пардаева (мактаби рақами 43), Хайём Додоев (мактаби рақами 49), Интизора Худойбердиева (мактаби рақами 43) мутобиқан ҷойҳои 1-3-юмро ишғол намудаанд.
Хонандагони синфи 10-ум Азиза Низомова (мактаби рақами 30), Шарофат Ҳакимова (мактаби рақами 43), Ӯғилой Саломатуллоева (мактаби рақами 38) аз забони тоҷикӣ дар ҷойҳои якуму дуюму сеюм қарор гирифтанд.
Хатмкунандагон Ганҷина Ҷумъаева (мактаби №43), Шаббона Амонбоева (мактаби №30) ва Шаббона Аҳмадова (мактаби №21) ҷойҳои 1-3-юмро ишғол намуданд. Ганҷина Ҷумъаева соли хониши гузашта ҳам дар озмуни вилоятӣ аз забони тоҷикӣ мақоми аввалро гирифта буд.
Талибилмони мактабҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ дар марҳилаи вилоятии озмун аз фанни забони давлатӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Толибилмони сифи 9-ум Райҳона Раҳимова (мактаби №30), Аслиддин Нуриддинов (мактаби №38), Фарангис Субҳонова (мактаби №30) ҷойҳои 1-3, хатмкунандаи мактаби №49 Малика Қӯзибоева ҷойи сеюм, хонандаи синфи 9-уми мактаби №49 Умед Абдукаримов аз фанни ҷуғрофия ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд.
Албатта, самараи бадастовардаи толибилмони вилоят хурсандиовар аст. Чунки дар вилояти Навоӣ дар беш аз чиҳил мактаб таълим ба забонҳои қазоқиву русӣ сурат мегирад.
Ғолибони ҷойҳои якум 2 миллиону 472 ҳазор сӯм, ҷойи дуюм 1 миллиону 648 ҳазор сӯм ва ҷойи сеюм 1 миллиону 236 ҳазор сӯм мукофотҳои пулиро ба даст оварданд, ҳамчунин соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Боиси таассуф аст, ягон нафар толибилми мактабҳои тоҷикӣ дар марҳилаи вилоятии озмун аз фанҳои математика, физика, биология, ҳуқуқ ва забонҳои англисиву русӣ ҷойи сазовор нагирифтанд. Ин ҳодиса бояд омӯзгорони фанҳои мазкурро ба андеша водор созад. Рост аст, бисёр наврасони ба ин фанҳо шавқманд пас аз хатми синфи 9-ум ба шаҳр ба литсейу коллеҷҳо мераванд. Замоне мактабҳои деҳоти тоҷикнишин дар вилояти Навоӣ бо унвони «Минтақаи математикҳо» шӯҳрат пайдо карда буд. Роҳбарон ва омӯзгорони литсейҳои шаҳри Навоӣ, ба таъбир, остонаи мактабҳоро «хӯрда» мекарданд: «Хонандаатонро ба мо фиристонед», мегуфтанд. Афсӯс, ин унвони мӯътабар имрӯз ба фаромӯшӣ рафтааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.