Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия омад

  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Пулково» меҳмони олимақомро губернатори шаҳр Александр Беглов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи барномаи иқомат 21–22 декабр роҳбари Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар мақоми нозир ва дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳад кард.

Ба рӯзномаи саммитҳо масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи ин иттиҳодияҳои бисёрҷониба шомил шудаанд.

Ба таври анъанавӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти муштарак ҷамъбаст гардида, ҳамчунин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ дар соли оянда табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: