«Шаби Ялдо», ки дар адабиёт бо номи “шаби чилла” низ маъруф аст, яке аз қадимтарин ҷашнҳои тамаддуни эронист. Ин ҷашн бо оғози инқилоби зимистонӣ – дарозтарин шаб ва кӯтоҳтарин рӯзи сол иртиботи мустақим ва реша дар андешаи рамзии муборизаи рӯшноӣ бо торикӣ дорад.
Тамаддунҳои куҳан барои муқобила бо сармо, торикӣ ва тарси зимистон маросимҳое ба роҳ мемонданд, то тавассути нерӯи ҷамъиятӣ ва рамзӣ мафҳумҳои «нур» ва «умед»-ро бозофаринӣ кунанд.
Дар Эрон анъанаҳои марбут ба Ялдо, махсусан дар қарнҳои охир шакли устувор гирифтаанд: хондани шеър (ба вижа девони Ҳофиз), қиссагӯӣ, гирдиҳамоии хонавода, фурӯзон кардани шамъ ё оташ ва истеъмоли хӯрокҳои рамзӣ (монанди тарбуз, анор, меваҳои хушк) аз унсурҳои асосии онанд. Фалсафаи ин маросим амалӣ аст: омезиши ҳифзи мероси фарҳангӣ (шеърхонӣ ва қиссасароӣ) бо эҷоди ҳамбастагии иҷтимоӣ. Хонаводаҳо дар тӯли дарозтарин шаби сол ба ҳам меоянд, хотираҳоро ба ёд меоранд ва ба оянда бо умед менигаранд.
Аз нигоҳи рамзшиносӣ, тарбуз ва анор бо ранги сурхи худ рамзи «нур», «зиндагӣ» ва «навшавии ҳаёт» ба шумор мераванд, ширинӣ ва хӯрокҳои серқувват низ ҳамчунин. Ин пайванд миёни табиат, рамз ва маросимҳои иҷтимоӣ, Ялдоро ҳамчун падидаи фарҳангии гуногунҷабҳа ва маҳалливу минтақавӣ нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳар як минтақа шаби Ялдоро бо анъанаҳои гуногун ҷашн мегиранд, аммо чанд унсури муштарак низ мавҷуданд. Масалан, ҷамъ омадани аҳли хонавода ва меҳмоннавозӣ қисми марказии ҷашн ба ҳисоб меравад. Ин амал барои таҳкими риштаҳои хешовандӣ ва пурзӯр кардани мулоқоти авлодҳо мусоидат мекунад.
Хондани матнҳои манзуму ҳамосӣ ва фол гирифтан аз “Девон”-и Ҳофиз низ яке аз муҳимтарин ойинҳо аст, ки ҳам ҷанбаи тафреҳӣ дорад ва ҳам маънавӣ.
Хӯрокҳои рамзӣ низ ҷузъи ҷудонопазири ҷашн мебошанд ва ҳар навъи таому маҳсулоте, ки рӯйи дасторхони идона гузошта мешавад, рамзи хосаи худро дорад. Масалан, тарбуз – рамзи рӯшноӣ ва тобистони гузашта, анор – фаровонӣ ва ҳосилхезӣ, хурмо, чормағз, ширинӣ ва меваҳо – ҳама рамзи баракат, хайр, рӯзӣ ва фаровониянд.
Ҳамзамон, қиссагӯӣ, афсонагӯӣ ва бозгӯии хотираҳо нақши муҳимро иҷро мекунад. Дар баъзе минтақаҳо фурӯзон кардани оташи хурд ё шамъ, баргузории бозӣ ва сурудҳои маҳаллӣ маъмул аст.
Аз дидгоҳи иҷтимоӣ, Ялдо чанд вазифаи муҳим, чун таҳкими ҳувияти миллӣ ва қавмӣ, пойдор нигоҳ доштани арзишҳо байни наслҳо ва эҷоди шабакаи дастгирӣ дар сахтиҳои фасли сарморо иҷро мекунад. Албатта, дар шароити шаҳр мумкин баъзе ойинҳо тағйир ёфта бошанд, вале бисёре аз унсурҳои суннатӣ ба шакли рамзӣ ҳифз шудаанд.
Дар Осиёи Марказӣ низ ҷашнҳое вобаста ба тағйири фасл вуҷуд доранд, аммо унсурҳои дақиқи онҳо фарқ мекунанд. Масалан, ҷашни Наврӯз, ки танҳо аз лиҳози рамзиву замонӣ фарқ дорад.
Дар миёни ӯзбекистониҳо низ дар шабҳои сарди зимистон гирдиҳамоии хонаводагӣ вуҷуд дорад – меҳмонон бо чой, нон, хӯрокҳои маҳаллӣ, мева ва шириниҳо пазироӣ мешаванд. Шабнишиниҳои онҳо аксаран иҷрои сурудҳои фолклорӣ, мусиқии маҳаллӣ ва қиссагӯиро дар бар мегиранд, ки аз баъзе ҷиҳат ба шаби Ялдо шабоҳат доранд.
Фарқият бештар дар ном, шакл ва муҳтавои адабӣ дида мешаванд. Эрониён бештар ба Ҳофиз ва матнҳои адабӣ такя мекунанд, дар ҳоле ки ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ бештар ба ривоятҳои маҳаллӣ, достонҳои мардумӣ ва мусиқии бумӣ рӯ меоранд. Дар баъзе минтақаҳо унсурҳои мазҳабӣ низ дида мешаванд.
Бо вуҷуди ин, фалсафаи умумии ҳамаи ин ойинҳо ба таърих ва фарҳанги маҳаллӣ вобаста буда, як маънои аслӣ доранд: ёдоварии пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, умед ба оянда, шодмонӣ, ҳамбастагӣ, меҳрубонӣ, сулҳ ва ҳамзистӣ. Ва албатта омӯхтани чунин анъанаҳо барои дарки амиқтари мулоқоти фарҳангӣ ва равобити тамаддунии кишварҳоямон хидмат мекунад.
Ҳасан САФАРХОНӢ,
ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Ӯзбекистон.