«Моҳи Ҳофизхонӣ» ҷамъбаст гардид

  • «Моҳи Ҳофизхонӣ» ҷамъбаст гардид
  • «Моҳи Ҳофизхонӣ» ҷамъбаст гардид
  • «Моҳи Ҳофизхонӣ» ҷамъбаст гардид

Гашти пешин гулдухтарони дар бар либоси миллӣ болои мизҳоро бо нозу неъмат оро медоданд. Писарон курсиҳоро рӯйи саҳни мактаб мегузоштанд. Чанд нафари дигар атрофро зебу зиннат медоданд.

Ташкилкунандаи чорабинӣ омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Мижгона Хоҷаева ва муаллимони мактаби рақами 19-уми ноҳияи Пастдарғам низ хеле серташвиш буданд. Меҳмонону мизбонон бо кайфияти болида оғози тадбирро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят дақиқаи муайяншуда фаро расид ва гулхан афрӯхта шуд. Забонаҳои оташ ба дилҳо фараҳ бахшида, рақскунон ба само қад кашиданд. Ҷамъомадагон бо кафкӯбӣ ба курсиҳои атрофи гулхан нишастанд.

Даст аз талаб надорам то коми ман барояд,

Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,

К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд...

– Ассалому алейкум ҳозирони гиромӣ, – гуфт баъд аз қироати ин ғазали Хоҷа Ҳофиз, садри чорабинӣ Мижгона Хоҷева, имрӯз мо дар фазои пур аз нури маърифат ҷамъ омадем, то хотираи бузургмарди сухан, орифи равшангуфтор Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозиро пос дорем. Ҳофиз шоире буд, ки суханро ба сеҳр табдил дод. Ишқро ба ирфон бурд ва дилҳои башарро ҷониби равшаниву оромӣ раҳнамун кард. Имрӯз дар ҷамъбасти моҳи ҳофизхонӣ мо на танҳо ашъори ӯро мехонем, балки ба олами сеҳрангези шоир ворид мешавем. Ба ҷаҳоне ворид мешавем, ки ҳар байташ раҳест ба сӯйи покӣ, муҳаббат ва озодии рӯҳ. Ҳар як ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз бо ояту сураҳои Қуръони маҷид, бо ҳадисҳои Пайғамбари акрам пероста шуда, ҳамзамон бо ҳама покизагӣ, ширинӣ ва латофат ҷилва менамоянд. Хоҷа Ҳофиз шоири лисонулғайбест, ки инсонро то ба баландтарин дараҷаи камолу шараф бардоштааст.

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро...

Хонандагони гурӯҳи тоҷикии мактабамон тадбири бадеӣ тайёр карданд, онро ба шумо – азизони дилу дида пешкаш мекунем.

Садои кафкӯбии дуру дароз саҳни маскани донишро ба ҷӯш овард.

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,

Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,

Бошад, ки боз бинем дидори ошноро... 

Саҳнаи бадеиро донишомӯзони синфи ҳафтум бо қироати хубу дилнишини ин ғазал оғоз бахшиданд. Ғазалҳои шӯрангез дар фазои маҳаллаи «Фурқат»-и шаҳраки Ҷумъа паҳн шуда, дилҳои шунавандагонро ба ваҷд оварданд.

Ба саҳна «Хоҷа Ҳофиз» асозанону ғазалхонон ворид шуд:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,

Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.

Дар адабиёти ҳар халқ таронаҳое ҳастанд, ки чун як пораи алмоси дурахшон рӯҳу табиати миллатро бо тамоми шаҳомату бузургиаш ҷилва медиҳанд. Онҳо ба дилҳо ошён гузошта, чун пайки садоқату муҳаббат аз насл ба насл, аз қарн ба қарн мегузаранд, ҷовид мемонанд. Сеҳри каломи шоир дили муштоқонро ба тапиш меоварад. Ғазалҳои «Ҷӯйи Мӯлиён»-и Устод Рӯдакӣ ва «Эй сорбон»-и Шайх Саъдӣ аз ҷумлаи чунин таронаҳо ҳастанд. Сухани пурмуҳтавову лаҳни Рӯдакиест, ки ба дили амири Сомонӣ инқилоб барангехту ӯро дар иштиёқи Ҷӯйи Мӯлиён, насими ҳаётбахши канори он ва манзараҳои дилнишини иқоматгоҳ роғибу рафтагор сохт. Ҳангоме ки ғазали мазкури Саъдӣ дар фазои бекарон танинандоз мегардад, дилҳои чун реги биёбон хуфта ҳам, чун аз нидои ҷарас бедор мешаванд.

Ғазали Ҳофиз «Агар он турки шерозӣ» низ аз сурудҳои машҳуртарини порсиву тоҷикист, ки аз замони офаринишаш то имрӯз ақлҳоро мафтуну дилҳоро волаву шайдои хеш месозад. Вай аз марзҳои милливу минтақавӣ убур карда, Шарқу Ғарбро ба шӯр овардааст.  

Аз қарни XIV то имрӯз ин ғазал ба чандин забони халқҳои олам тарҷума шудааст. Дар асрҳои баъдӣ бисёр шоирон чун Ҷомиву Навоӣ, Сойиб, Сайидо, Шавкат, Содиқи Муншӣ, Нозим, Ғанӣ ва ғайра ба ин ғазали Ҳофиз мухаммас бастаанд ё онро тазмин кардаанд. Дар асри ХIХ ховаршиноси машҳур Фон Ҳаммер ғазалро бо маҳорати тамом ба забони олмонӣ баргардонд. Он ба шоири бузург Ҳёте илҳом бахшид. Тарҷумаи Ҳаммер ба кишварҳои дигари Аврупо роҳ ёфт. Шоири номвари рус Александр Фет ғазалро аз олмонӣ ба русӣ тарҷума кард. Адиби бузурги рус Лев Толстой ғазалро дар тарҷумаи Фет хонда, зери мисраи «Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо» хат кашидааст, ки шояд бино ба мазмуни ҳакимонаву фалсафиаш ба андешаҳои Толстой наздику қарин будааст.  Дар асри ХХ ғазалро академик Ф. Корш аз асл ба русӣ, А. Кримский ба украинӣ баргардонданд...

Нақши Ҳофизро Шероз Ӯктамов бо маҳорат иҷро намуд. Умуман, ҳамон донишомӯзон ғазалҳоро бо овозу лаҳни хуш қироат карданд.

Хидирназар Элназаров бо сурудаш дили бинандагону иштирокчиёни тадбирро ба шавқу ҳаяҷон овард. Хонандагони нишаста ҳам ба ӯ бо кайфияти болида ҳамовоз шуданд.  Марҷона Элназарова бошад, бо танбур суруд хонд. Дастаҳои рақсии писарони шӯхтабиат ва гулдухтарони зебо зери садои савту суруд ва кафкӯбии ҳозирон бо рақсҳои зебо ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.

– Ташаккурҳои зиёд ба ташкилкунандагони чорабинӣ, худро гӯё дар толори консертӣ ҳис намудам, – гуфт омӯзгори собиқадор Нигина Аҳророва. – Ҳангоми дарс «паст нахон, шарм надор, шеър аз ёд кун», гуфта, шуморо сарзанишу танбеҳ медодам. Вале ҳоло бо боварии комил гуфта метавонам, ки қироатҳоятон ба дараҷаи аъло буд. Имрӯз инро дар тадбир исбот кардед.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ бо сарварии директори мактаб Анвар Мардонов ба иштирокдорони фаъол Шоҳҷаҳон Муродов, Рустам Ҳайдарбеков, Фозил Худойназаров, Ҷавоҳир Элназаров, Шабнам Мусулмонова, Меҳрубон Фахриддинова, Машҳурбек Холмаҳмадов, Таҳмина ва Ганҷина Муродоваҳо, Шаҳзод Ашӯрбеков, Шаббона Абдуҳафизова, Сорбон Ҳайдарбеков туҳфаҳо супурда шуданд. Сипас сарвари мактаб моҳи ҷориро «Моҳи Ҷомихонӣ» эълон кард.

Хуршед осмонро тарк гуфту дар бурҷи шом моҳ пайдо шуд. Фалак ҳиҷоби торикиро ба рӯ кашид, аммо тамошобинону иштироккунандагон майли рафтан надоштанд.  Садои форами суруди «Шаб ба хайр» то дуриҳои маҳалла танинандоз гардид, дар атрофи гулхан падару модарону омӯзгорон, донишомӯзон, ки дар чеҳраҳояшон акси хушиву қаноатмандӣ ҳувайдо буд, то дергоҳ дастафшону пойкӯбон рақсу бозӣ карданд.

Комил Ҷӯразода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: